Усмонов ду касро кушту кудаки шасоларо ҳам корд зад

«Московский Комсомолец»  тафсилоти даҳшатбори куштори досенти Академияи иқтисодии ба номи Плеханов Виктория Борковская ва модараш дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскавро нашр кард.

 Бино ба иттилои нашрия, шаби 7 ноябр, тахминан соати 21.50 духтари 6-солаи Борковская ба як шиноси модараш занг зада, бо овози гирён хабар додааст, ки модару бибияш ғарқи хун хобидаанд ва ӯ худаш ҳам маҷруҳ шудааст. Кӯдак аз шиноси модараш хост, ки барояшон дока биёрад. Он дӯсти Борковская рост ба пулис ва «Ёрии таъҷилӣ» занг задааст, вале вақте кормандони пулис ва «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса расиданд, Виктория Борковскаяи 44-сола ва модари 67-солааш алакай ҷон бохта, кӯдаки шашсола дар ҳолати вазнин қарор дошт.

Дар қатли ин ду зан шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Жасуржон Усмоновро гумонбар медонанд. Усмонов қабати сеюми хонаи Борковскаяро месохт ва ба ин далел бисёр вақт шабона дар ин хона мемонанд. Бино ба иттилои тафтишот, рӯзи 7 ноябр бояд ба ӯ ҳисобӣ мекарданд ва шояд баҳси пулӣ сабаби муноқишаи хунин ва модару духтар ва набераро кордборон кардани Усмонов шудааст.

Муайян кардаанд, ки Жасуржон Усмонов қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Ӯ ба дӯстонаш гуфта будааст, ки баъди гирифтани пули кораш ба Тоҷикистон бармегардад. Ҳоло Усмоновро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд, вале маълум нест, ки ӯ то ҳол дар қаламрави Русия аст ваё бо ягон парвози чартерӣ ба Тоҷикистон баргаштааст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *