Усмонзода: Ба соҳили Панҷ кӯкноркорӣ меравем
Мусоҳиба бо номзад ба курсии президентӣ, Раиси ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода
-Муҳтарам Усмонзода, саволи аввали ман ба ҳамаи президентшавандаҳо як аст, чаро шумо ба пешниҳод ба маснади Президенти Тоҷикистон розӣ шудед?
-Ҳар як ҳизб ҷомеаро ба таври худ дидан мехоҳад ва мақсади ҳизби сиёсӣ ҳам сохтани чунин ҷомеа аст, ки ба назараш беҳтар аст. Номзадии маро бори дуюм аст, ки ҳизбамон пешниҳод мекунад. Аввал аз маҳалҳо ва баъдтар дар анҷумани ҳизб аъзои он маро чун номзад ба Президенти кишвар пешниҳод карданд ва ман розӣ шудам.
-Ҳизби шумо ҳизби парлумонӣ аст ва дар он ҷо намояндагони шумо ҳастанд, аммо дар парлумони кишвар садои шумо нисбатан баландтар аст. Яъне , шумо баръакси баъзе намояндагон, назари худро нисбати ин ё он масъалаи матраҳшаванда доред. Агар Президент шавед, оё ин нуктаҳоеро, ки дар парлумон мегӯед, амалӣ мекунед?
-Албатта.Аммо барномаи имрӯзаи мо ҳатто аз барномае,ки дар интихоботи парлумонӣ доштем, фарқ мекунад. Зеро ҳоло мо таҳаввулоти босуръатро дар ҷаҳони имрӯза эҳсос менамоем ва вобаста ба он барномарезӣ мекунем. Масалан, ба назари мо бояд блоки иқтисодиро комилан тағйир дод. Аз ҳама бештар дар низоми андозбандӣ. Вақте ки соҳибкор аз кори худ натиҷае ба даст наовард, магар ӯ кор мекунад? Бояд низоми андозбандиро комилан дигар кард. Зеро дар он бисёр “лазейкаҳое” ҳаст, ки чиновникҳо аз он истифода мебаранд. Ҳарчанд ман раиси имрӯзаи он Давлатзодаро аз ҷавонӣ мешиносам ва ӯ шахси масъулиятнок аст, аммо ин ҷо бояд Қонуни андозро дигар кард ва он бояд камаш 50% кам карда шавад.
-Шояд яке аз сабабҳои кам шудани сафи андозсупорандагон ҳам дар камбудии ҳамин қонун аст?
-Асос ҳамин аст. Имрӯз блоки иқтисодӣ ягона роҳи пур кардани буҷаро дар баланд кардани андоз мебинанд,ки ин нодуруст аст. Мо бояд харитаи умумии сохтмони корхонаҳоро созем ва онро ба ҳама, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Тоҷири ватанӣ ва ё хориҷие,ки мехоҳад ба он сармоягузорӣ кунад, набояд паси дари Вазорати саноат ва ё ягон сохтори дигар соатҳо интизор шавад, ӯ бояд аз рӯи ҳамин харита ба роҳбари ноҳия вохӯраду дар қабулгоҳи ӯ аз панҷ дақиқи вақт бештар сарф накунад.Он гоҳ сармоягузор ба мо таваҷҷуҳ мекунад. Ҳоло аксаран чиновникҳо садди роҳи рушд мешаванд .Ба назари мо, бояд Вазорати саноат барҳам дода шавад. Ба ҷои ин ягон 5-7 нафар корманд функсияи онро иҷро карда метавонад. Бачаҳое, ки дар Оксфорд, дар Гарвард ва дигар ҷойҳо таҳсил кардаанд, бояд дар назди Президент бошанд ва онҳо ин корро карда метавонанд. Дигар сохторҳо ба сармоягузор начаспанд , яъне имконият диҳанд. Вазорати сармоягузорӣ, Вазорати иқтисод ва рушди савдо бояд дигар карда шаванд. То ҳол нафаҳмидаем,ки боре ягон омори минтқаҳоро дурӯғ бароварда бошанд, ҳол он ки ин оморҳо аз кишту кор сар карда, то сохтмону дигараш ҳамагӣ дурӯғанд. Системаи бонкӣ ҳам пурра дигаргунӣ мехоҳад. Бо он фоизҳое,ки имрӯз бонкҳои мо доранд, танҳо дар назди дарёи Панҷ кӯкнор кошта, қарзи онҳоро баргардонидан мумкин аст.
— Шумо намояндаи Ҳизби демократ ҳастед, ба фикратон давлати имрӯзаи мо демократӣ аст?
-Ҳанӯз мо давлати демократӣ насохтаем ва имрӯз ҳар кас онро ба таври худ мефаҳмад. Мулло мехоҳад он исломӣ бошад, коммунист мехоҳад давлати коммунистӣ бошад, ҷавонон худ намедонанд,ки демократияаш чист ва гумон мекунанд, ки ба ҳама кор иҷозат бошад, ин демократия аст.Аммо ин тавр нест.
— Ба андешаи шумо, ришваю ришвахӯриро чӣ гуна нест кардан мумкин? Оё ин падида ҳизби шуморо ба ташвиш намеорад?
-Албатта, ришвагирӣ падидаест хеле бад ва монеи пешрафт мегардад. Аммо ҳатто дар кишварҳои пешрафта ҳам ришва ҳаст. Шояд шумо хандед, вале вақте ки дар меҳмонхона корманди он бағоҷи шуморо то ҳуҷра мебарад, интизор мешавад,ки шумо ба вай чанд пайса диҳед, ҳол он,ки ин вазифаи ӯст ва ин ҳам як навъ ришва аст. Ҳатто баъзе муллоҳо ба тани ришва ҷомаи шариат мепӯшонанд. Масалан, бо гӯши худам шунидам,ки як мулло мегуфт: “Дар ояи 64 (агар хато накунам) омадааст,ки агар шумо ба якдигар туҳфа диҳед, муҳаббататон нисбат ба ҳамдигар афзун мегардад.” Магар ин ҳам ришва нест? Тавре гуфтем, номукаммалии Қонуни андоз, монополия, садди роҳи соҳибкорӣ ва тиҷорат шудани масъулон низ сабабгори афзоиши ришвахӯрӣ мешавад.Ҳарчанд ки Ҳукумат дар ин ҷода то андозае муваффақ аст ва имрӯз сохторҳои гуногун метавонанд зидди ҳамдигар амал карда, гунаҳкоронро боздошт намоянд….
-Чун сухан аз диндорию мулло рафт, демократҳо сари масъалаи дин, фарҳанги миллӣ чӣ андеша доранд?
-Зиёда аз 99 фисади мардуми мо мусалмонанд, аммо мо пайрави исломи ноб, исломи аҳли суннату ҷамоат ҳастем ва бояд аз ифродгароҳои арабпараст пайравӣ накунем. Ислом дини ҳамагон аст ва дар рушди он форсҳо нақши бузурге бозидаанд. Мо бояд либоси миллии худро ҳифз кунем ва аз фарҳанге,ки гузаштагонамон ба он арҷ гузоштаанд, пайравӣ кунем. Муллоҳҳо ба воситаи ВАО, ТВ –ҳо баромад карда, масъалаҳои диниро шарҳ диҳанд. Инчунин, либоси миллии мо, хусусан либоси мактабии духтарони мактабхон ислоҳот мехоҳад. Масалан, онҳоро аз кӯдакӣ ба юбкапӯшӣ одат накунонем ва бояд элементҳои либоси миллиамон вуҷуд дошта бошад.Инчунин, тамоми коргузорӣ ва қонунҳо то нуқтаи охирин бояд тоҷикӣ бошад.
-Муҳоҷирон низ ҳиссаи бузурги интихобкунандагонро ташкил медиҳанд…
-Бале, аммо ман мехостам, ки аввал барои осон кардани кори муҳоҷирон аз ҳар Сафорати Тоҷикистон, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, якнафарӣ ихтисор карда, дар ҳар вилояти Русия як консулгарӣ ташкил кунанд, то ки муҳоҷир тавонад дар ҳолати зарурӣ сари вақт ба онҳо муроҷиат карда тавонад. Дигар ин ки бояд мурдаи тоҷик аз хориҷа бе пул ба Ватан оварда шуда, зану кӯдакони сағирмондаи ӯ ба ғамхории моддию маънавӣ фаро гирифта шаванд.
-Муҳтарам Усмонзода, боз кадом масъалае ҳаст,ки мехостед сари он махсус таъкид кунед?
-Мехостам гӯям, ки ҳар кас бояд вазифаи худро адо намояд. Масалан, дахолат намудани шахсони беруна ба кори муаллиму маориф нодуруст аст. Магар милиса ҳақ дорад,ки конспекти муаллимро тафтиш кунад. Ӯ кори дигар надорад? Агар ӯро барои чунин корҳое,ки вобаста ба вазифаи касбиаш нест, ҷалб кунем, пас дузду авбошро кӣ бояд дорад? Ё худ, муаллим чаро бояд ба шанбегӣ, ин падидаи аз замони шӯравӣ боқимонда ҷалб шавад? Агар ӯ ба корҳои ғайрикасбиаш машғул шавад, ба хонандаи мактаб кӣ савод меомӯзонад? Ҳамаи ин корҳо бояд барҳам дода шаванд ва ҳар кас кори худро бояд кунад.
Мусоҳиб А. Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ