Усмонзода Фатҳиддин БАДРИДДИН, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Зиндагинома. Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин 18-уми апрели соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Соҳиби зиёда аз 40 мақолаву дастурҳои илмӣ ва методӣ буда, самти фаъолияти илмияш — танзими давлатии иқтисодиёт маҳсуб мешавад.
Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 1999-2007 ба ҳайси ассисент, муаллими калон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Менеҷменти истеҳсолот»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ кор кардааст.
Солҳои 2007-2011 ҳамчун сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2014 муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2020 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 13-уми январи соли 2020 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ