Ҳуснигул давои дардашро аз Зарафшон ҷуст
Ҳуснигули 19-сола 10 моҳ пеш издивоҷ кард ва ҳамроҳи домод ба Русия рафт. Онҷо хабар ёфт, ки шавҳараш зани рус ва аз он зан фарзанд доштааст.
Ҳуснигул баъди ин ба зодгоҳаш – деҳаи Ёрии Панҷакент баргашт. Рӯзи 19 октябр чормағзи хонаашонро афшонду чид, ҳавлиро рӯбучин кард ва ба падараш гуфт, ба дашт пеши бибиаш меравад. Аммо рост ба соҳили дарёи Зарафшон рафту худро ба об андохт. Ҷустуҷӯи ҷасади Ҳуснигул ҳанӯз идома дорад…
Акрамова Ҳуснигул Ниёзмуродовна, сокини 19-солаидеҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳамагӣ баъди 10 моҳи издивоҷ рӯзи 19 октябр худро ба дарёи Зарафшон партофта, худкушӣ кард.Ҷустуҷӯи ҷасади Ҳуснигул ҳанӯз идома дорад.
Ниёзмурод Акрамов, падари Ҳуснигул мегӯяд, моҳи декабри соли 2017 духтарашро хонадор кард. Оилаи нав ташкилшуда, баъди 15 рӯзи тӯйи арӯсӣ ба Федератсияи Русия рафтанд, чунки домод шаҳрвандии Россияро дошт ва дар Панҷакент онҳо аз қайди никоҳи давлатӣ нагузашта буданд. Ният доштанд дар Россия аз никоҳи қонунӣ гузаранд. Онҷо се моҳ зиндагӣ мекунанд, аммо онҳо аз никоҳи қонунӣ нагузаштанд.
Падари дар ғам олуда мегӯяд: «Духтарам Ҳуснигул рӯзе ногаҳон акси домод ва зану фарзанди русашро мебинад. Домод бо вуҷуди барпо кардани оила бо духтарам аз оилаи русаш ҷудо нашуда будааст. Баъди ин Ҳуснигул ба Ватан баргашт. Баъди чанд муддат ман ӯро ба хушдоманаш ҳамроҳ карда, ба хонаи домод фиристодам. Ҳуснигул баъди чанд вақти дигар боз ба хона омад. Хушдоманаш барои бурдани Ҳуснигул омад, гуфтам, асабҳояш хароб шудааст, монед, чанд вақт наздамон монад. Баъди рафтани хушдоман духтарам 9 рӯз бо мо буд. Гуфт, ки падар биёед, чормағзамонро афшонед, вақти ҷамъкарданаш расид. Чормағзро афшондем, чидем. Ҳуснигул ҳамаҷойро тоза кард.”
Ниёзмурод Акрамов афзуд, ки саҳари 19 октябр Ҳуснигул гуфт, ба дашт назди бибияш меравад: «Баъд баромада рафт. Ба бибияш занг зада гуфтам, Ҳуснигул дар назди шумост? Мо ҳам меравем. Бибияш гуфтанд, ӯ ба назди мо наомадааст. Баъди ин ба кофтуков афтодем, ки ӯ бегоҳӣ худро ба дарё партофтааст. Аз ин сӯи дарё чӯпонон фарёд задаанд, ки Ҳуснигул худкушӣ накунад, аммо ӯ худро ба маҷрои дарёи Зарафшон партофтааст. Ҳоло се рӯз аст, ки ҷасади духтарамро мекобем, аммо нишоне нест.”
Ниёзмурод Акрамов гуфт, духтараш ба ӯ аз зиндагияш шикоят намекард ва ба аҳли оила асрори худкушии ӯ номаълум боқӣ монд. Домоду падараш давоми се рӯз боре ба падари духтар занг назадаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ