Успокойся, Тигр! Посух ба шогирди эътирозгар

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҷавобатонро ба “устоди эътирозгар” хондам. Ҷавоби шумо ҳам то ҷое эътирозист. Шумо ҳам аз ман камӣ надоштаед…

Аммо, бояд бигӯям, ки бандаи ганда ба ҳадафам расидам. Ҳадафи эътирозам он буд, ки бидонам, оё дар бораи он чӣ атрофи номи устоду шогирд дар асл мечархад, пурра огоҳӣ доред ё не? Дақиқ шуд, ки бисёр чизҳоро медонед. Вале аз кам-кам эҳсосӣ шуданатон ҳиси нигаронӣ дорам. Зеро, эҳсоси баланди хашин моли баҳс нест.

Барои ҳамин, ором бошед! Гуфти русҳо, “успокойся, Тигр!”. Фикр накунед, ки бо каме сахтгуфторӣ ва ба шӯр омаданатон, устод аз шумо меҳаросад ва аз баҳс истиҳола мекунаду онро хотима медиҳад. Шогирд ҳамакнун ба чанги устод афтодааст ва ба осонӣ раҳо нахоҳад шуд…

Гуфтед, ки ба панҷ саволам посух додан намехоҳед:

Шогирд кист?

Эҷод чист?

Эҷодгар кист?

Назария чист?

Амалия чист?

Ихтиёр доред! Одоби баҳс ҳам ҳамин аст, ки мубоҳисон самимӣ бошанд ва нуқтаи назари якдигарро эҳтиром намоянд. Он чиро, ки лозим мешуморанд, дар доираи одоб бепарда бигӯянд, ё умуман дар мавридаш хомӯш бошанд.

Вале гӯшрас карданиям, ки дар ҷавобатон аллакай нохудогоҳ ё шояд дидаву дониста ба ҳамаи ин саволҳо қисман-қисман посух додаед. Гарчанде посухҳо нопурраанд, айни замон намехоҳам шарҳ диҳам. Шояд дар идомаи баҳс ба мавзуи эҷоду эҷодгар ва назарияву амалия ба таври ҷиддитар баргардем.

Ҳоло бошад, ба панҷ саволи шумо посух мегӯям. Албатта, аз рӯйи тартиб не. Мисли шумо, ки саволҳои маро титу парешон, ба қавле, “каша” кардед.

Нахуст ба ду суоли эътирозиятон посух мегӯям. Ба суолҳои 2-юму 3-юм, ки пурсидаед: “Чаро шумо фикр мекунед, ки як нафар расман наметавонад каси дигарро устод гӯяд, дар ҳоле, ки аввалин навиштаҳояшро таҳрир карда, нашр намудааст? Шумо фикр доред, ки то ҳадди ношиносиву носипосии шогирдон нисбат ба устод расидаем, ки дигар ба ин эътироф эътироз мекунед?». Вақте ин ду ҷумларо мехондам, дарк кардам, ки дард ва омил ҳамон нутқи пайвасти “ҷон” аст. Яъне саволҳо аз ҳамон мавқеъ пайдо шудаанд ва шумо шояд хуб огоҳӣ доред, ки саволи дуюмро ба якум пайванд дода, дар боби ношиносиву носипосии шогирдон сухан мегӯед. Гӯё чизеро медонед. Гӯё аз носипосии баъзе шогирдон, ки устодатонро борҳо озурдаанд, бохабар бошед…

Ҳаминҷо посух додан ба суоли 4-уматон — “як шогирд бояд чӣ гуна бошад, то устод аз ӯ розӣ шавад?» айни муддаост. Посух ҳамин аст, ки як шогирд ҳадди ақал бояд мисли Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бошад, то устод аз ӯ розӣ шавад. Бо ин ҳама фаросат, хирадмандӣ, ҳушмандӣ, чаққонӣ, қадршиносӣ, такопуву талош дар роҳи ба даст овардани арзишҳои инсониву касбӣ, ҳар як устод ҳаваси доштани шогирдеро чун ӯ мекунад. Шогирде, ки метавонад моҳирона посухи саволҳои устодро ба худи устод ҳавола намояд.

Акнун дар боби устод ва “устод”. Дар саволи 1-уматон гуфтаед: “Бадбахтона, образи устодро дар мо сиёҳ карда истодаанд ва вақте ки шуморо устод гуфтам, фикр кардед “устод”-ро дар назар дорам?». Ва дар дар саволи 5-ум пурсидаед: «Чӣ кор кунем, ки мавқеи устодро каме ҳам бошад, баланд бардорем?». Дар посух ба саволи 1-ум бояд бигӯям, ки банда нисбати эътирофи шумо ҳеҷ гуна “устод”-ро дар назар надоштам. Фақат мехостам бархӯрди устоду “устод” таҳлил шавад, ки ба андозае шуд.

Воқеан, айби худи мост, ки мартабаи устодро поин фаровардаву ӯро ба “устод” табдил додем. Пештар агар шогирде ҷуръати рост ба чашми устод нигоҳ карданро надошт, имрӯз ҳатто баъзан шоҳиди бо каллаҷанг салом кардани шогирду устод ҳам мешавем. Борҳо шоҳиди аз устод нос гирифтани шогирд ва аз шогирд сигор пурсидани устоду ҳатто майнӯшии якҷояи онҳо низ шудаем.

Чӣ кор кунем, ки мавқеи устодро каме ҳам бошад, баланд бардорем? Нахуст бояд ба заминаҳои ахлоқиву одоб такя зад. Яъне, барои баланд шудани мартабаи устод бояд миёни ӯ ва шогирд панҷараи адаб пайдо бошад. Барои аз ҳадди эътидол нагузаштани шогирд. Бояд дарси “Одобнома” дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зинда карда шавад. Мисли он, ки дар муассисаҳои олии таълимӣ этикаи касбӣ омӯзонида мешавад. Ин омил бештар таъсиргузор аст. Чун, он одоби шогирдро ҳамаҷониба фаро мегирад, дар муносибат бо омӯзгор, падару модар, ҳамсинфон, хоҳару бародар, умуман, ҷомеа. Дар ин сурат, ҳоҷат ба он намемонад, ки як нафар устод биёяд ва ба шогирдон “Маърифати оиладорӣ” биёмӯзад. Дар ин ҳол, худи устод ҳам фараҳманд мегардад ва барои ҷониби эҷодгариву амалия раҳнамун сохтани шогирд ҳавасманд мешавад.

Акнун, ҷаноби Тоҳирӣ, фикр мекунам, ки вақти посух доданатон ба ин суолҳо фаро расид:

Эҷод чист?

Эҷодгар кист?

Назария чист?

Амалия чист?

Ва як саволи сарборӣ:

Як нафар эҷодгар миёни назария ва амалия бо чӣ мушкилоте метавонад дучор гардад?

Умедворам, ки ин бор ҳам саволҳои додаам дарди сари худам  намешаванд!

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *