Устод Сайёф: Юриш ба Панҷшер норавост!

Абдураб Расули Сайёф, маъруф ба Устод Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи “Толибон*” пас аз як хомӯшии тӯлонӣ аз худ дарак дод

Устод Сайёф 9 сентябр ба муносибати 20 – умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо ирсоли паёме дар сафҳаи фейсбукии худ аз ӯ ҳамчун як “муҷоҳиди ростину сипаҳсолори сарбаланд ва боиззати муқовимат” ёд кардааст.

“Аллоҳи бениёз рифқати анбиёъ ва сиддиқин ва шуҳадо ва солеҳинро насибаш гардонад. Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод”, — навиштааст Устод Сайёф.

Дар идомаи паёмаш ин чеҳраи боризи муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба мавзуъи Панҷшер пардохта, юриши “Толибон*” ба ин дараро маҳкум кардааст.

“Дар ин ҷо лозим медонам, ки бигӯям: Панҷшер як бахши зебо ва номдоре аз сарзамини мардхез ва боиззату пурифтихори мо (Афғонистон) мебошад. Ва юриш бар ҳарими зиндагӣ ва молу ҷону рамзҳои таърихии мардуми мусулмон ва муҷоҳиди он қатъан нораво ва дур аз мурувват асту бояд фавран мутаваққиф гардад”, — гуфтааст Устод Сайёф.

Абдураб Расули Сайёф аз “шайхулҳадис” – ҳои Афғонистон буда, қаблан ҳаракати “Толибон*” – ро ғайриисломиву ғайриафғонӣ ва байати ин ҳаракатро бо раҳбарони қаблиашон – Мулло Умар ва Мулло Мансур шаръан нораво хонда буд.

“Мурдаашон шаҳид нест, қиёми инҳо, таъсиси инҳо, ки дар вақти ҳукумати Устод Раббонӣ (1992 – 2001) сурат гирифта ва байъати инҳо ҳаром, нораво, ноҷоиз аст. Ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки гуфта буд, ҳар гоҳ бо ду амир байъат сурат гирифтааст, гардани дуюмашро бизанед. Мо муқассир ҳастем, ки гардани Мулло Умарро натавонистем дар аввал занем”, — гуфта буд Сайёф дар як маҳфили солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2019.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *