Устоди ДМТ соҳиби ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» шуд

Давлат Солиҳзода, профессори факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби  Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» шуд.

Тавре ки аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, маросими тақдими ҷоизаи мазкур 17 сентябр дар шаҳри Уфаи Русия зимни Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда дар наминатсияи «Барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф дар соли 2023» ин ҷоизаро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои олимони соҳаҳои гуногун муайян шудааст. Ҷоиза аз ҷониби Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар соли 2009 таъсис ёфтааст. Он ҳамасола ба намояндагони давлатҳои ИДМ барои муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои мухталиф, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ саҳм гузоштааст, дода мешавад.

 Дар давоми солҳои мавҷудияти ин ҷоиза зиёда аз 100 нафар олимон ва санъаткорони мамлакатҳои Иттиҳод сазовори он гардиданд.

Соли 2022 устоди факултети механикаю математикаи ДМТ, академик Мирганд Шаҳбозов ва соли 2023 академик Саидмуҳаммад Одинаев барандаи ин ҷоиза гардида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *