Устоди криминалистика. Бонуе бо лаҳни ширин
Соли таҳсили 1978-1979. Мо, донишҷӯёни курси чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ 1-уми сентябр ба машғулият ҳозир шуда, интизори ба синфхона ворид шудани устодон будем. Яке ҳадс мезад, ки ҳоло ба синфхона олими соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ Мансур Муллоев медарояд. Дигаре тахмин мекард, ки декани факултет Очилбой Усмонов вориди толор шуда, бо фарорасии соли нави таҳсил табрику муборакбодӣ мекунад.
Занг зада шуд. Ҳама дидаҳо ба сӯи даромадгоҳ дӯхта шуданд. Ҷавонзани миёнақади зебочеҳра бо лабони пуртабассум ба синфхона даромадан замон бо лаҳни ширин «Салом, бачаҳо!» гуфта, сари минбар рост шуд ва дарҳол худро шиносонд:
— Ман Зумрад Дадаҷоновна Ямоқова, устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ буда, ба шумо аз фанни омӯзиши изи ҷинояткорӣ (криминалистика) дарс медиҳам.
Одати мо донишҷӯён аз он иборат буд, ки аз курси якум вобаста ба ҳар як устоду омӯзгори факултет ба ҳар восита маълумоти заруриро оид ба хислату феълу атворашон дастрас намуда, ҳангоми машғулиятҳо ва махсусан мавриди супоридани санҷиш ва имтиҳонҳо хеле зиракона, моҳирона ва устокорона истифода мебурдем. Зеро қариб ҳамаи устодон аз ҳисоби мардон ба мо дарс медоданд ва Зумрад Дадаҷоновна Ямоқова ҳамчун Зан — Модар нахустин шуда масъулияти басо мушкилу пурифтихорро бар уҳда дошта, бо мо машғулият мегузаронд. Аз якумин нигоҳи пурмеҳру суханони навозишомез ва муносибати меҳрубонона дарк намудем, ки муаллима донишҷӯёнро чун модар дӯст медорад. Сабаби дигараш дар он буд, ки дар гуруҳи русии курсамон писараш мехонд ва аз ин хотир ҳурмату эҳтиромашро даҳчанд зиёд ба ҷо меовардем.
Устод тӯли як соли хониш ба мо доир ба фанни таълимиаш дониши назариявӣ ва малакаи амалӣ омӯзонд ва зимни супоридани санҷишу имтиҳон он қадар ранҷу азоб эҳсос накардем ва бо тамоми масъулият зикр менамоям, ки Зумрад Дадаҷоновна яке аз маҳбубтарин устодонамон гардид.
Солҳо гузаштанд. Аз хатми факултети дӯстдоштаамон 42 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол бори нахуст ба синфхона даромадану нигоҳи пурмеҳру лаҳни ширин ва муносибати меҳрубононаи устодро фаромӯш накардаем ва ҳар гоҳе мо ҳамкурсон як ҷо ҷамъ шавем, ин хислатҳои неки муаллимаро ҳатман ба ёд меорем.
Ҳаёт ҳамеша чун аспи саманд ба пеш метозад. Аллакай устоди ман, олими шинохтаи соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ба синни мубораки 85 қадам гузошт ва ба ин муносибат ба муаллимаи мушфиқу меҳрубон умри дароз, шуҳрату сарбаландӣ таманно дошта, аз номи шоир мегӯям:
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизӣ сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.
Зариф ҒУЛОМ, адиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ