Устодону донишҷӯёни ДСХ: Аз ҳалокати сайёҳонӣ хориҷӣ бетараф нестем
Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ҳаёти осудаву пешравиҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки осон ба даст наомадаанд. Вале, мутаассифона имрӯз ҳастанд нафароне, ки нисбати ин дастовардҳо андешаҳои ғаразнок дошта, кушишҳои низоангезиву фитнагароиро пеша мекунанд. Воқеаи 29-июл, ки дар ноҳияи Данғара нисбати 7 нафар сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ба амал омада, боиси марги чаҳор нафар ва захми гаштани се нафари онҳо гардид, аз ҷумлаи чунин кушишҳои фитнагароӣ ба ҳисоб меравад. Он ваҳшигариҳое, ки наҳзатиён – ҷавонони тоҷик нисбати ин сайёҳони хориҷӣ содир намуданд, на танҳо аз меъёрҳои инсонӣ, балки аз меъёрҳои мусалмонӣ низ дур мебошанд. Чунин амали пасту нангини ҷонибдорони ТТЭ-ҲНИТ ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии моро ба ғазаб оварда, водор месозад, ки оид ба ин ҳодисаи ғайриинсонии чунин ҷавонони бе нангу номуси тоҷик ақидаи худро баён намоем. Пайравии ин ҷавонон аз чунин ҳаракатҳо гувоҳи он аст, ки то ҳол ҳастанд нафароне, ки зери таъсири шиор ва даъватҳои « давлати исломӣ» қарор дошта, арзишҳои миллии тоҷикиро ҳифз наменамоянд. Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷавонон Ҳусейн Абдусамадов, ки худ пайрави ТТЭ – ҲНИТ, аз ҷумла, аъзои фаъоли он Қори Носир мебошад, боз як бори дигар ҳамагонро ҳушдор месозад, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ нисбати ояндаи гул- гул шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳисси кинаву адоват ва бадбинӣ доранд. Амали мазкури наҳзатиҳои ситезагаро ва оқибатҳои ғаразноки онҳо, ҳамаи тоҷикистониёнро боз як бори дигар водор месозад, ки барои шинохт ва ҳифзи дастовардҳои давлату миллатамон саҳм гузор бошем. Мо ҳамагон хуб медонем, ки ин наҳзатиҳо бо ин амалашон обруи Тоҷикистонро мехоҳанд дар арсаи байналмилалӣ паст кунанд. Лекин, имрӯз ҷаҳониён хуб дарк намуда истодаанд, ки кушишҳои бепоёни онҳо натиҷае надода истодааст ва дар оянда низ нахоҳад дод. Бояд қайд намуд, ки Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва бартараф намудани чунин амалҳои ғаразноки ТТЭ – ҲНИТ саҳми калон дошта, ҷомеаи тоҷикистониро бори дигар огаҳ месозанд, ки ҳама вақт манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, дар пешрафти Тоҷикистон ҳисса гузор бошем. Мо аз ҳалокати сайёҳонӣ хориҷӣ хело ғамгин шуда, дар марги онҳо бетараф нестем ва поси хотири онҳоро медорем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ