Устофиреб
ҳам кораш ҳарому ҳам лафзаш…
Кори кадоми мову шумо ба мардикорбозор наафтидааст. Дар ин ҷо ҳанӯз даҳон накушода, даҳҳо мардикор шуморо иҳота мекунад.
— Раис, мо ба хизмат тайёр, чӣ коре фармоед, хушсифату саривақт иҷро мекунем, — ҳамдигарро тела дода, худро ширин мекунад нафаре.
— Ба ман сантехник даркор, то қубури ваннаро иваз намояду аз ошхонаро тоза.
— Раис, ин кор аз дасти ман ба хубӣ меояд, албатта, розӣ хоҳед шуд, — гуфт марди ришсафеде. – Шумо дар ҳамин ҷо мунтазир шавед, ман баъди даҳ дақиқа тросу дигар инструментҳои заруриро гирифта меоям.
— Медонед-чӣ, усто, ду ҳафта пеш аз мардикорбозори Гипрозем, ки шуморо аз он дарёфтам, усто Одинамад гуфтанӣ марди 45-50-соларо киро кардам, омаду ду бор тросро ба қубур дароварда тоза кард ва таъкид намуд, ки ҳар ҳафта як сатил оби ҷӯшро бо соддаю хокаи либосшӯйӣ маҳлул карда, ба қубур резем, дигар оби партов дам намехӯрад. Гуфтагиашро кардем, вале бефоида… — забони гила кушодам ба устои нав.
— Раис, усто ҳар хел мешавад. Одинамадро медонам, устои тасодуфӣ аст. Як пайдо мешаваду боз ғайб мезанад. Бисёриҳо аз кораш шикоят мекунанд.
Хуллас, ин усто устои пешинро хуб ғайбат карду фармоишамро гӯё иҷро кард. Ҳақашро гирифта, мисли устоҳои дигар тавсияву маслиҳатҳо дода рафт.
Ба таъмири хона ва сохтани шкафҳои либос ва китоб борҳо устоҳоро аз мардикорбозору бозори Султони Кабир ва корхонаҳои шахсӣ киро кардам. То дар болои сарашон истода, назорат накунӣ, кори босифат намекунанд. Ҳамеша саросема кор мекунанд, лек дар маблағситонӣ ҳушёранд. Баъд аз ивази қубурҳои фарсудаи ванна ба қубурҳои пластикӣ, ки занам худаш «усто» оварда буд, лозим меояд, ки ягон сантехники дигарро киро намоем, зеро қубурҳоро дар танаи девор хуб маҳкам накардааст.
Устоҳои маркази савдои «Волна»-и шӯҳратёр кондинсионерро аз беруни хона тавре насб кардаанд, ки барои таъмир ё иваз намудани фреонаш маҷбур мешавем крани борбардор фармоиш диҳем.
Дигарҳо ҳам фиреб хӯрдаанд
— Гарчанде ин мавзӯъ дар мадди аввал содда намояд ҳам, аммо ҳаттулкории ба ном устоҳо хеле ташвишовар аст, — мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Бибихиромон Фаттоева. – Мутаассифона, чунин устоҳо дар мардикорбозору бозорҳои шаҳр низ зиёд шуда, даст ба фиреби мардум мезананд, бо корҳои бесифати хеш норозигии онҳоро ба вуҷуд меоваранд. Агар корат афтад, ҳатто аробакаши бозор аз худ усто метарошад. Худро бо дили пур оҳангару дуредгар ё кафшергар мегӯянду объекти кориро нодида, маблағи пешпардохт талаб мекунад. Ин ҳолатро ҳамчун корафтода дар бозори «Ҷал-Ҷам» борҳо мушоҳида кардам. Бархеашон аз уњдаи одитарин кор баромада наметавонанд, чунки усто нестанд. Агар як нафари онњо омўзгор аст, нафари дуюмаш духтур асту савдогару дигар шуғл дорад. Шахсан чандин бор фиреби устоҳои сохтаро хӯрдаам. Дидам, ки намешавад, сифати корашонро қабул накарда, ҳаққи хизматашонро надодам, то маҳсулоти браккардаашонро ҷуброн намоянд.
Ҳаттулкорони «Вашгирд» фирорӣ шудаанд
— Тирамоҳи соли гузашта дар корхонаи шахсии «Вашгирд» воқеъ дар шафати бозори «Ҷал-Ҷам» барои хонам ду тирезаи пластикӣ фармудам. Устоҳояш омада, чену чоқ карда, лоиҳаашро кашиданд ва бо «Вашгирд» шартнома бастем, — шикоят кард сокини ноҳияи Сино Муртазо Валӣ. — Шарти асосиашон пешпардохти пурраи маблағи тирезаҳо буд, ки пардохт намудам. Тибқи шартнома «Вашгирд» барои сифати кори иҷрокардааш 1 сол кафолат муқаррар намуд. Яъне, дар ин муддат мушкилоти дар тирезаҳои сохтааш пайдо мешударо ройгон бартараф месохт. Шаб борон бориду саҳар бинам, ки байни шишаҳои тирезаҳо ҳавр пайдо шудааст. Ҳол он ки набояд чунин бошад. Корхона як устои навкорашро фиристоду ӯ тирезаҳоро иваз кард, вале мушкилот ҳал нашуда монд. Кормандони «Вашгирд» ба зангҳои телефониам дигар ҷавоб надоданд. Ночор чанд бор ба «Вашгирд» рафтам, вале касеро пайдо накардам. Як соли кафолат гузашт, аммо масъулони корхонаро пайдо карда натавонистам. Баъдтар аз кормандони корхонаҳои ҳамсоя фаҳмидам, ки «Вашгирд» муфлис шуда, фаъолияташро қатъ кардааст ва даҳҳо корафтода домангири он мондаанд.
Аслан сари ин мавзӯъ борњо даст мезанем, то посухи ҳалталабашро пайдо намоем, ки оё мардикорон њуќуќ доранд, ки худро усто гӯянд? Бештари шањрвандон ба кори бесифати чунин устоњо тањаммул мекунанд. Шояд серпуланд. Аммо барои шањрванде, ки чанд сол барои таъмири як гўшаи хонааш маблаѓ љамъ мекунад, кори бесифати усторо бахшида наметавонад. Маљбур аст, бо ў даст ба гиребон шавад.
Ба қадри пулатон расед, мардум!
— Усто кист? Аслан усто ин шахси муътабар аст. Касест, ки бо наќши дастони хеш рузгорамонро зебу зинат мебахшад, — ибрози андеша кард шаҳрванд Сафо Бақоев. — Солњои пешин калонсолон њар як усторо бо касбу њунараш ном мебурданд. Мегуфтанд, Фалонӣ устои оњангар, чӯбтарош, кандакор, наќќош, устои дару тиреза мегуфтанд, корашон хушсифату бадошт аст. Онњо шахсони шинохтаи мањалу шањрњо буданду соњиби асбобу анљоми корї. Њоло бошад, устоњои имрўзаро аз кўчањои шањр љустуљӯ мекунем. Нос дар дањон, дар даст ягон асбоб несту «ман устоям»- гўён атрофи нафари корафтода мисли тори анкабут мепечанд Бо дили пур корафтодаро бовар карда, њамчун устои чирадаст нархи дилхоњ талаб карда, бе сифат корро анљом медињанд.
Имрўз ин њолатњо байни ду тараф — корфармо ва иљрокунанда мушкилињои зиёди бањсиро ба миён овардааст.
Як пешниҳод барои ҳалли мушкилот
Шояд Вазорати меҳнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз шароити мављудааш пурсамар истифода карда, эшонро ба курсњои касбомўзӣ љалб намояду тањти назорати хеш ќарор дињад? Ё ин ки масъулини бозорҳо сари ин масъала таваљчуњ кунанд, аз фоида орї нест. Ҳуҷраи фармоиши шањрвандонро ташкил намоянд, шумораи телефонњои устоњоро дар дафтаре нависанд, то фармоишгар имконият пайдо кунад дар доираи шартномаи тарафайн корашро ба сомон расонад. Бо ин роњ фиребу найранги «ман устои чирадаст» гуфтани бархе аз онњо аз байн меравад. Зеро усто барои кори ба зиммагирифтааш дар назди шахси масъул ва фармоишгар масъулият ҳис менамояд.
Э. НАЗАРОВ,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ