Баҳси халосӣ аз пули муҳоҷирон ва рушди иқтисодӣ: 6 ё 4 дарсад?
Мақомоти Тоҷикистон дар талоши онанд, ки вобастагии ин кишвар ба пули муҳоҷиронро коҳиш диҳанд. Гуфта мешавад, қариб ними даромади нохолиси кишвар ба ҳисоби пулим муҳоҷирон таъмин мешавад.
Ҳаҷми маблағе, ки муҳоҷирини корӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон мефиристоданд, тайи ду суоли қабл ба 4 миллиард баробар шуда буд, аммо ба хотири ба вуҷуд омадани буҳрони молии Русия, ин рақам дар ду соли ахир ба шиддат коҳиш ёфтааст.
Зарифҷон Бурҳонзода, Раиси гурӯҳи таҳлил, пешбинӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар иртибот ба ин мавзӯъ гуфт: Сеюмин соле аст,ки Тоҷикистон таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ аз омили коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони кориро эҳсос мекунад ва ба ҳамин далел як барномаи вижа барои коҳиши вобастагии кишвар ба пули муҳоҷирон барои солҳои 2016-2020 таҳия ва амалӣ хоҳад шуд».
Ӯ дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки Тоҷикистон барои кам шудан аз вобастагӣ ба пули муҳоҷирони корӣ модели нави иқтисодиро пеш хоҳад гирифт: «Модели тавсеаи ҷадид дар руи се меҳвар сармоягузорӣ, танавуъи содирот ва ҷойгузинӣ ва воридот тарроҳӣ шудааст, ки он боиси коҳиши вобастагии кишвар ба интиқоли пули муҳоҷирон мегардад. Ин модели иқтисодӣ вобастагӣ ба пули муҳоҷирони кориро то 62 дарсад коҳиш медиҳад».
Ба назари ин масъули давлатӣ ин модели иқтисодӣ, ки мақсадаш роҳанзозии 25 корхона ва ширкатҳо дар арафаи истиқлолияти кишвар аст, боиси нигоҳӣ доштани рушди 6 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон мешавад.
Ин изҳори назари масуъли ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ ба рушди 6 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон бовар надорад ва мегӯяд, бо чунин барномарезиҳо рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 4 дарсад баробар хоҳад шуд. Баҳром Зиеёв, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон дар рӯёруи бо чанд чолишҳои ҷиддӣ қарор дорад, ки имкони рушдро маҳдуд кардааст: «Мо мебинем, ки рукуди иқтисодии Русия ва Қазоқистон ба шиддат идома дорад ва бинобар ин пешбинӣ коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз ин кишварҳо низ идома хоҳад ёфт. Ҳаҷми содирот ва воридоти сармоя ба кишвар низ ба хотири кунд шудани рушди иқтисоди Чин ва Туркия бва унвони ду кишвари муҳими дигари шарики иқтисодии Тоҷикистон коҳиш меёбад».
Буҳрони иқтисодӣ пас аз он ки Амрико ва Аврупо таҳримҳои иқтисодӣ бар зидди Русия ҷорӣ карданд, амиқтар шуд ва дар давра коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон иқтисоди на онқадар рушдкардаи ин кишварро дар ҳолати нобоб қарор дод.
Ҳоло коршиносон рузҳои нек барои иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ намекунанд ва бовар доранд, ки таъсири буҳрони иқтисодии Русия ва Қазоқистон дар ин кишвар бештар мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ