Усулҳои халқии табобати табхол
Барои табобати табхол чанд гиёҳи санҷидашударо ба шумо пешкаш менамоем.
Гиёҳоби аз баргҳои хушки пудина омодашуда ҳамчун дастури халқӣ васеъ истифода мешавад.
Барои онро тайёр кардан 1 қошуқ барги хушк ё 2 қошуқ барги тару тозаи пудинаро дар 1 истакон оби ҷӯшида дам партоед ва зарфро дар бӯғи об 15 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз ин обашро полонида, баъди андаке хунук шуданаш ба ҷое, ки табхол пайдо шудааст, дар ҳар як соат як бор молед.
Гиёҳи бобуна (ромашка) барои табобати герпес мувофиқ аст. Аз бобуна гиёҳчой тайёр карда, вақти пайдо шудани табхол онро нӯшидану ба табхол молидан лозим аст.
Гиёҳоби бобунаро ин тавр тайёр мекунанд: тақрибан 1 қошуқ гулҳои хушки бобунаро дар 1 истакон оби ҷӯшомада дам партофта, нағзакак печонида, 20-25 дақиқа нигоҳ доред. Гиёҳобро полонида, ба он 1 қошуқ прополиси дорои спирти 10-фоиза илова кунед. Маҳлули тайёршударо дар як рӯз 1-қошуқӣ 2-3 маротиба истеъмол карда, ба ҷойҳои осебёфтаи пӯст молед. Герпесро бо спирти 70%, одеколон ва ҳатто дорувории валокордин табобат кардан мумкин аст. Пахтачаеро дар ин доруворӣ ё спирт тар карда, ба ҷойи табхолдор гузоред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ