Усулҳои нави ташхису табобат дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”
Бо мақсади беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷониби табибони кишвари Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо табибони тоҷик дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат ворид карда шудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар муассисаи мазкур аз ҷониби табибони Тоҷикистону Швейтсария ба беморони дорои бемориҳои сангдори талхадон, рӯда, беморони гирифтори чурраҳои шикам ва ғайра ба таври ройгон ҷарроҳиҳои усулҳои пешрафтаи ҳозиразамон гузаронида шудаанд.
— Ба ғайр аз ин, табибони Швейтсария ҳамарӯза дар ташхису гардиши беморон дар шуъбаҳои муассиса иштирок намуда, оид ба табобати беморон ба табибони муассиса маслиҳату машварат пешниҳод менамоянд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, табибони Швейтсария ба муассисаи номбурда як қатор асбобҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва як дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ тақдим намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ