Қутбиддин Олимӣ — асосгузори дубляжи тоҷик
Чанд рӯз пеш, дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон 110 — солагии Арбоби хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қутбиддин Олимиро ҷашн гирифт. Номи Олимиро имрӯз шояд на ҳама медонад, аммо ӯ яке аз аввалин ходимони кинои тоҷик ва аз асосгузорони дубляж дар Тоҷикистон аст…
Писари Тоҷикистон
Қутбиддин Олимӣ (Олимов) соли 1908 дар оилаи Олимхон Махдуми Хуҷандӣ, ки шахси босаводи мадрасахонда ва шарикдарси устод Айнӣ буд, таваллуд шудааст. Ӯ яке аз аввалин ходимони кинои тоҷик, мебошад, ки пас аз таъсиси студияи сесолаи таълимӣ дар назди Киностудияи «Тоҷикфилм» дар соли 1936 ҳаёти худро ба ин санъати ҷавон пайваст ва дар тӯли умри кӯтоҳи худ корҳои бузургеро ба сомон расонид. Солҳои 1936-1937 ӯ дар Институти театрии шаҳри Маскав таҳсил кард, аммо бо сабаби ҳаводиси маълуми соли 1937 ӯ ба Душанбе, ба кори киностудия баргашт.
Ҳамон сол режиссёр Николай Достал барои таҳияи филми пурраметражи «Боғ» омодагӣ медид ва Қутбиддинро ба сифати ассистенти режиссёр даъват намуд. Ин филм соли 1938 ба экран баромад ва муваффақияти калони киностудия «Тоҷикфилм» ва таҳиягарони он ба ҳисоб мерафт.
Пас аз як сол зарурати тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ ва ба ин васила оммавӣ кардани киноро ба назар гирифта, дар назди киностудияи «Тоҷикфилм» сехи дубляжи филмҳо таъсис ёфт, ки дар саргаҳи он Қутбиддин Олимӣ меистад. Зеро ӯ аз рӯзҳои аввали таъсиси ин сех ба сифати режиссёри дубляж ба кор шурӯъ намуд.
Аммо ҳанӯз кори дубляж тавсеа наёфта, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Соли 1941 шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ сенарияи филми «Писари Тоҷикистон»-ро ба киностудия пешниҳод кард ва режиссёр Василий Пронин зуд ба сабти филм аз рӯйи ин сенария оғоз кард ва Қутбиддин Олимиро ба сифати ассистент даъват намуд. Сюжети ин асар барои он замон зарурӣ буд. Дар «Писари Тоҷикистон» дӯстии ду сарбоз – тоҷику рус дар майдони набард инъикос ёфта буд…
Дар майдони набард…
Пас аз ба экран баромадани филми «Писари Тоҷикистон», ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва нишон додани шуҷоату далерӣ дар роҳи ҳимояи Ватанд даъват мекард, Қутбиддин Олимӣ низ соли 1942 ба ҳимояи Ватан ба фронт рафт. Ӯ дар ҳайати полки 57-уми армияи советӣ, ки дар ҳудуди Полша ва Германия меҷангид вориди набард шуда, як қатор корномаҳои ҷангӣ нишон дод ва соли 1945 ҳамчун қаҳрамон ба Ватан баргашт.
Корнамоии Қутбиддин Олимӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ бо медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» (1944), «Барои забти Кенигсберг» (1945), «Барои озод кардани Варшава» (1945), «Барои шуҷоат» (1944), «Барои Ғалаба бар Германия» (1945) ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Сехи дубляж
Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1946 Бобоҷон Ғафуров Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Тоҷикистон таъин гардид ва дар ҳаёти Тоҷикистон саҳифаи наве боз шуд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, ки бародари Қутбиддин Олимӣ аст, мегӯяд: «Пас аз сарвари кишвар таъин шудани Ғафуров ба соҳаи кино диққати махсус дода шуд. Махсусан, барои оммавӣ кардани кино, барои то ба деҳаҳои дурдаст бурдани он, чораҳо андешиданд, ки яке аз инҳо таъсиси сехи дубляж дар назди киностудияи «Тоҷикфилм» буд. Дар саргаҳи ин ҳунари нав дар кишвар бародари ман Қутбиддин Олимӣ меистод».
Воқеан, пас аз таъсиси сехи дубляж як қатор филмҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Тарҷумаи филмҳои «Чапаев», «Падение Берлина», «Встреча на Эльбе», «Тревожная молодость», «Молодая гвардия», «Повесть о настоящем человеке» намунаи кори солҳои аввали ин сех аст.
«Вақте филмҳои аввалин бо забони тоҷикӣ ба деҳаҳо мерасид, мардум дар ҳайрат афтода, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ленин бо забони тоҷикӣ ҳарф мезадааст?» ё «Сталин тоҷикиро аз куҷо меднад?» — ба ёд меорад Муҳиддин Хоҷазод, ки солҳои тӯлонӣ ҳамроҳи бародараш дар ин сех кор кардааст.
«Ибтидо сехи дубляж дар як сол ҳамагӣ 1 филм, баъдан ду-се то тарҷума мекард. Аммо солҳои охир иқтидораш то ба 10 филм дар як сол расид. Пас аз хатми донишгоҳ бародарам маро ба идораи дубляж. ба вазифаи муҳаррир даъват кард. Ман тӯли чанд сол он ҷо кор кардам. Ин идора аҳли адабу фарҳанги замонро ҷамъ оварда буд. Устодон Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва аҳли санъат актёру актрисаҳо барои дубляжи филмҳо кор мекарданд.»- мегӯяд Муҳиддин Хоҷазод.
Воқеан, дар замони роҳбарии Қутбиддин Олимӣ кори идораи дубляж вусъат меёфт. Худи ӯ бевосита режиссёри дубляжи зиёда аз 300 филм аст. Аз ҷумла «Секретная миссия», «Далеко от Москвы», «Без вины виноватые», «Сельская учительница», «Укротительница тигров», «Солдат Иван Бровкин», «Педагогическая поэма» ва ғайра…
Мубориза бо дасисабозон
Хизматҳои Қутбиддин Олимӣ на танҳо дар рушди дубляжи тоҷик, балки дар тарбияи мутахассисони соҳаи кино, махсусан тарбияи мутахассисони миллӣ ниҳоят калон ва муҳим аст.
Гап дар сари он ки дар солҳои аввали таъсиси санъати кино дар Тоҷикистон мутахассисони берунӣ ба тоҷикон имкон намедоданд, ки дар соҳаи кино кор кунанд. Сабти филм ба забони тоҷикӣ дар гӯшаи хаёли касе набуд, аммо Қутбиддин Олимӣ, муҳити тоҷикии бунёдкардаи ӯ дар киностудия ин ақидаро бекор кард. Киношинос Саъдулло Раҳимов мегӯяд, ки Қутбиддин Олимӣ бо ин гуна нафарон мардонавор мубориза мебурд.
«Маҳз таъсири ҳамин қабил одамон буд, ки Комил Ёрматов ватанашро тарк кард. Ҳамин дасисаҳо сабаб шуд, ки Ғуломризо Баҳор «душмани хулқ» шудаву нобуд шавад. Бо дасисаи ин гурӯҳ Лев Кулешов, нахустин ба экрановарандаи «Дохунда»-и Айнӣ ба канор афтод… Қутбиддин Олимӣ бар зидди ин қувваҳо муқобилият кард, на танҳо муқобилият нишон дод, балки мубориза бурд»-мегӯяд Саъдулло Хайруллоевич.
Се насли як авлод
Қутбиддин Олимӣ худ аз оилаи донишманд ва зиёӣ аст. Чӣ тавре дар боло ишора шуд, ӯ писари Олимхон Махдуми Хуҷандист, ки дар мадраса бо устод Айнӣ таҳсил мекард ва яке аз рафиқони содиқи Асосгузори адабиёти навини тоҷик буд. Олимхон Махдум пас аз таъсиси ҳукумати Шӯроҳо чун шахси сарватманд ва олими дин ба Сибир бадарға мешавад ва ҳамсараш, модари Қутбиддинро аз даст дода аз нав дар он ҷо оила барпо менамояд, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод самари ин пайванд аст. Олимхон Махдум баъдан ба Ватан баргашт ва маҳз ӯ пас аз марги устод Айнӣ бо васияти эшон аркони мусалмониро ба ҷо овард…
Хоҳари Қутбиддин Олимӣ Хосият Олимова солҳои тӯлонӣ дар телевизиони тоҷик кор карда, яке аз ровиёни маҳбуб буд.
Худи Қутбиддин Олимӣ фарзандони бообрӯро тарбия намудааст. Саъдулло Раҳимов саҳифаҳои хотироти худро варақ зада менависад: «Боре филми «Ман бо духтаре вохӯрдам»-ро тамошо карда, дар як эпизод писареро дидам, ки дар мактаби мо мехонд. Ӯ Акмал ном дошт, ки баъдан журналисти машҳур шуд. Баъди чанде писари ба Акмал монандро дар филми «Қиссаи хурд дар бораи бачаҳое, ки…» дидам. Ин бародари Акмал Рашид буд. Дар замони донишҷӯйӣ ман ҳамеша ба Рашид таваҷҷӯҳ доштам, зеро ӯ яке аз пешоҳангони комсомол буд.»
Воқеан, фарзандони Қутбиддин Олимӣ Акмал ва Рашид Олимов барои рушди Тоҷикистон саҳми калон доранд. Акмал солҳо дар журналистика кор карда, обрӯву нуфуз пайдо кард. Рашид Қутбиддинович бошад, яке аз дипломатҳои муваффақ ва ҳоло Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст.
…Ин буд, шаммае аз рӯзгори Арбоби хизматнишондодаи санъат, Қутбиддин Олимӣ, ки дубляжи тоҷикро асос гузошт ва мактаби дубляжро дар Тоҷикистон бунёд кард…
Одили НОЗИР,
«Тоҷикистон» №20, 2018
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ