Қувваозмоии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филипин
Шоми 13 июн вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Ҳаким Фузайлов ҳайати асосиро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин эълон кард. Барои бозии мазкур сармураббӣ 25 футболбоз: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намудааст. Ба дастаи мунтахаби кишвар 7 футболбозе, ки дар дастаҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, шомил гардидаанд. Аввалин маротиба ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгари 32- сола Алесандр Хубер, ки дар ҳайати дастаи «Франкфурт» ва Бундеслигаи Германия бозӣ кардааст, даъват карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар бозӣ бо дастаи «Ҳуҷанд» ҷароҳат бардошта буд, дар бозӣ бо дастаи Филиппин иштирок карда наметавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ