“Узбекистон Онлайн”: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд

Чанде пеш оператори инноватсионии мобилии “Анор” опсияи тарофавии “Узбекистон Онлайн”-ро ҷорӣ кард. Маъруфияти он дар чӣ зоҳир меёбад? Дар ин бора назари муштариёнро мефаҳмем!

Ҷаъфар Олимов, сокини Душанбе:

— Мо бо аҳли оилаамон сайёҳатро дӯст медорем. Имсол тасмим гирифтем, ки аз Самарқанд дидан намоем. Пеш аз сафар роумингро пайваст кардан мехостам, ба оператори худ муроҷиат кардам ва мутахассисони ширкати “Анор” дар бораи опсияи тарофавии “Узбекистон Онлайн” маълумот доданд. Бо 15 сомонӣ ман соҳиби 5 Гб трафики интернет гаштам, хеле дастрас аст!

Алишер Шерматов, соҳибкор аз Хуҷанд:

— Вобаста ба фаъолияти худ ман зуд-зуд ба Тошканд меравам, дар баробари ин ҳамеша бояд тавассути паёмрасонҳо дар алоқа бошам. Ба наздикӣ муштарии “Анор” гардидам ва вақте ки дубора ба Тошканд рафтам, дар рақами ман опсияи “Узбекистон Онлайн” ба таври автоматӣ пайваст шуд. Дар мавриди интернет нигарон набудам ва дар омади гап, барои алоқа аз ҳарвақта дида камтар маблағ сарф кардам!

Лола Қурбонова, донишҷӯ:

— Опсия барои бо дӯстону наздикон дар алоқа мондан ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муносиб аст. Ва муҳимаш, 15 сомонӣ – ин ҳатто барои донишҷӯён арзон аст. Варианти хуб барои сайёҳоне, ки ба Узбекистон ташриф меоранд.

Вақте ки баъди воридшавӣ ба Узбекистон муштарӣ ба истифодаи хизматрасониҳои мобилӣ шурӯъ мекунад – занг мезанад, SMS  ирсол менамояд ё бо телефон вориди интернет мешавад, опсияи “Узбекистон Онлайн” ба таври автоматӣ фаъол мегардад. Инчунин, опсияро метавон бо ирсоли USSD-дархости *305*65# фаъол кард.

Бо опсияи “Узбекистон Онлайн” аз оператори мобилии “Анор” дар Узбекистон сайёҳат кунед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *