Узбекистон сарҳадашро намебандад

Мақомоти Тошканд эълон карданд, ки дар рӯзи интихоботи президентии Узбекистон сарҳад бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро намебанданд.

Музраф Икромов, вазири адлияи Узбекистон 30-юми ноябр зимни нишаст дар бошгоҳи матбуотии “Elections.uz-2016” эълон кардааст, ки гузаргоҳҳои марзӣ дар рӯзи интихоботи Президент тибқи реҷаи муқаррарӣ кор хоҳанд кард ва рафтуомаду шаҳрвандон ба ҳар ду тараф бемонеа сурат хоҳад гирифт.

Эълони набастани марзҳо дар ҳолест, ки дар аҳди Ислом Каримов Узбекистон сарҳади ин кишвар ҳангоми маъракаю ҳамоишҳои муҳими сиёсӣ баста мешуданд.

Интихоботи Президент дар Узбекистон 4-уми декабр дар назар буда, Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққатии ин кишвар, номзади аслӣ ба мақоми президентӣ ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *