Ҷузъиёти куштори додситон

Расонаҳои Қирғизистон ҷузъиёти куштори додситони вилояти Бодканд Анарбой Мамажакиповро нашр карданд.

Шоҳидон мегӯянд, додситони кушташуда ва гумонбарро ахиран ҳамроҳ дидаанд, аммо мошини додситон дар макони дигар пайдо шуд.

«Гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ҳоло вай шоҳидӣ медиҳад», — хабар доданд расонаҳо.

Ба иттилои манобеъ, бо гумони куштори додситон як мақомдори вилояти Бодканд боздошт шудааст. Вай ва додситони вилояти Бодканд дар шикор ҳамроҳи ҳам будаанд.

«Чанд шоҳид хабар доданд, ки гумонбар дар рӯзи ҳодиса бо додситон якҷоя буд. Гӯё онҳо ба шикор рафта будаанд. Марги додситон дар асари зарбаи ашёи сахт дар сараш фаро расидааст. Ҳангоми боздошт гумонбар маст буд», — менависанд расонаҳо.

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, ҳодисаи мазкур шаби 18 ноябр рух додааст. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *