Ректор, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ёрдамчии Президент таъин гардид

Имрӯз Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид бо фармони Президенти Тоҷикистон аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод гардида,  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин гардид. Ашӯрбой Солеҳзода, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ мебошад.

Ашӯрбой Солеҳзода соли 1996 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Касби иқтисодчии байналхалқӣ бо дониши забони англисиро соҳиб гардидааст.

Фаъолияти меҳнатӣ соли 1996 дар кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шудааст, то соли 2006 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсент кор намуд. Соли 1999 то 2001 муовини декани факултети молиявию баҳисобгирӣ оид ба корҳои тарбиявию ташкилӣ.

16 апрели соли 2004 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Аз 11 феврали соли 2011 соҳиби аттестати дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ. Аз октябри соли 2004 то феврали 2006 муовини декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2007 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, аз феврали соли 2007 ба вазифаи мудири ҳамин кафедра интихоб шуд.

Дар Шабакаи таҳсилотии EdNet (Душанбе) солҳои 2002-2004 таҳсил намуд. Соли 2007 бо сертификати Магистри иқтисод сарфароз гардонида шуд.

Солҳои 2010-2013 декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз моҳи август то моҳи декабри соли 2013 муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз 6-уми декабри соли 2013 то 23 январи соли 2017 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Муаллифи беш аз 50 асарҳои илмию методӣ.

Соли 2013 Бо ордени «Шараф дараҷаи II» сарфароз гардид. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *