Узви Палатаи савдо ва саноати «Роҳи абрешим» гардидани Хуҷанд
Шаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шуд. Гувоҳномаи узвият аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ирсол гардида, онро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супорид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додаанд.
Бояд зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» соли 2015 дар минтақаи махсуси Гонконг таъсис дода шуда, он ширкатҳои бузургтарини 36 давлатро муттаҳид месозад.
Акнун шаҳри Хуҷанд метавонад бо узвият дар Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» аз имконот ва захираҳои шаҳрҳои узви он васеъ истифода бурда, равобити тиҷоратии хешро тавсеа бахшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ