В.А.Ҳ. кист? 15000 ӯро ба дом афтонд!

Боздоштшуда дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» таъйин гардида буд

Дар шаҳри Хуҷанд як мансабдори давлатиро ҳангоми гирифтани пора кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир намудаанд.

Ин ниҳод бо нашри иттилоия аз боздошти мансабдори давлатӣ зикр намудааст, ки номбурда дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода ба мақоми директори «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» таъйин шуда буд.

Боздоштшуда барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ аз як корафтода ба миқдори 15 000 сомонӣ талаб намудааст, -меафзояд манбаъ.

Тибқи иттилои — Sputnik, гуфта мешавад, диретори ин муассиса 10 000 сомониро гирифта, ҳангоми гирифтани боз 5000 сомонии боқимонда ба дасти кормандони оҷонс афтодааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати В.А.Ҳ. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Оҷонсии зидди фасод тавзеҳ дод, ки пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд. Ҳанӯз назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *