Қурбони Собир

Вақте, ки театр озод нест…

Суҳбат бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир

Дар рейтинги “10 чеҳраи соли 2022”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj актёри маъруф Қурбони Собир “Ҳунарманди сол” интихоб шуд. Ҳафтаи равон номбурда меҳмони мо буд. Пас аз эътои дипломи ғолиб бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

— Чанд рӯзи охир бемор будам. Ҷараёни овоздиҳиро пайгирӣ накардаам. Ба ман гуфтанд, ки ту дар рейтинги “10 чеҳраи соли 2022” “Ҳунарманди сол” шудӣ. Хушнуд шудам, зеро муҳаббати мухлисонро эҳсос кардам. Эътироф ва муҳаббати мухлисон маро водор кард, ки зудтар шифо ёбам, сари по шавам ва имрӯз ба суҳбати шумо оям,- гуфт Қурони Собир дар оғози суҳбат.

Юсуфи гумгашта…

— Фаъолияти эҷодии шумо аз Театри Қӯрғонтеппа, ҳозира Бохтар шуруъ шудааст, вале ҳамчун ҳунарманд дар тими Фаррухи Қосим машҳур шудед. Ӯ як ҳунарманди музофотиро чӣ гуна ёфт?

— Гуруҳи моро баъди хатми Донишкадаи санъат соли 1982 бо қарори Вазорати фарҳанг ба Театри Қӯрғонтеппа фиристоданд. Мо ҳанӯз дар донишкада шогирдони Фаррух Қосимов будем, вале бо сабабе эшон тарки донишкада карданд, яъне гуруҳи моро то охир набурданд ва як кори дипломӣ аз мо қарздор буданд. Бинобар ин, ба Театри Қӯрғонтеппа омада, намоиши “Тартюф”-ро ба саҳна гузоштанд. Ин намоиш дар ҳамон замон ба мисли вулқон буд ва ҳатто дар Душанбе дар ҷомеаи театрӣ тазоҳурот ба миён овард. Ин намоиш сабаб шуд, ки Театри ҷавонон пора шуд ва ба ду гуруҳ — гуруҳи Абдулҳафиз Қодиров ва гуруҳи Фаррух Қосимов тақсим шуд. Мо ҳам ҳамон сол ба Театри ҷавонон ба кор омадем ва дере нагузашта “Аҳорун” пайдо шуд. Ва ин театр инқилоб кард.

— Воқеан, театри “Аҳорун” дар таърихи театри тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Асрори муваффақияти Фаррухи Қосим чӣ буд?

— Якум, аз меъёрҳои театрии советӣ берун рафт, яъне аз доираи системаи Станиславский берун шуд. Он ҳама ҷараёнҳо ва дастовардҳоро ҷамъбаст намуд. Фаррухи Қосим дар масири тайкардаи театри ҷаҳонӣ гардиши тозаеро ворид кард. “Аҳорун” қуллаи баландтарини театри тоҷик дар фарҷоми Шӯравӣ буд.

— То ҷое иттилоъ дорем, “Юсуфи гумгашта” — шоҳкории “Аҳорун”-ро ибтидо дар Тоҷикистон хуб қабул накарданд…

— Худиҳо вақте намоишро диданд, намефаҳманд. Толор пур аз тамошобин буд, аммо чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Мо ин асарро 20 маротиба дар хориҷа иҷро мекардему 1 маротиба дар Тоҷикистон. Худ қазоват кунед. “Юсуфи гумгашта” дар хориҷа хуб пазируфта шуд. Ёдам ҳаст, як зани литвонӣ гуфт: “Ман як калима форсӣ намедонам, вале забони ин намоиш барои ман комилан фаҳмо буд. Ва шумо ҳақ доред ин намоишро бе тарҷума дар тамоми дунё ба намоиш гузоред”. Воқеан, ҷаҳон забони “Юсуфи гумгашта”-ро фаҳмид. Зеро Қиссаи Юсуф умумибашарӣ аст. Фаррух Қосимов ин достонро бо ғазалҳои Ҳофизу Мавлоно микс кард. Сюжети ин намоиш дар либоси ҳаракат ва пластикаи ҳунарманд зуҳур мешуд. Воқеан, хеле асари барҷаста буд. То замони сиҳат будани Фаррух Қосимов, яъне дар давоми 15 сол ними ҷаҳонро гаштем. “Юсуфи гумгашта” дар кулли дунё шуҳрат ёфт. То ҳадде, ки дар Аврупо, дар Белгия, он замон бузургтарин коргардони дунё Питер Брук буд, ки акси Фаррух Қосимов дар паҳлуи ӯ овезон буд. Як шаб “Ҳамлет”-и Питер Брук мерафт ва як шаб намоиши “Юсуфи гумгашта”-и театри “Аҳорун”.

— Чаро ин мактаб идома наёфт ва чун “Тартюф” ва “Юсуфи гумгашта” даҳҳо намоишҳо ба саҳна наомад?

— Барои ин гуна асарҳо заминаи воқеии театрӣ даркор. Мактаб бояд ба ҳамон шакл нигоҳ дошта мешуд, аммо… Вале мактаби Фаррух Қосимов намурдааст. Имрӯз ҳунармандон ва режиссёрҳои беҳтарини кишвар, аз қабили Абдулмуъмин Шарифӣ, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев, Қамариддин Мирзоев ва дигарон шогирдони ҳамин мактабанд.  

Вақте озодӣ нест…

— Барои чӣ ҳозир фазои театрии мо дар ҷӯшу хурӯш нест? Албатта, соле як-ду сол намоиши хуб пайдо мешавад, вале фазо гарм нест. Чаро?

— Барои он ки театр имрӯз озод нест. Интихоби мавзуъ озод нест. Аз болои ҳунармандон сензура сахт аст. Чаҳорчӯба то ҳадде танг аст, ки метавонанд ҳар мавзуъро иҷоза надиҳанд. Вақте асарро интихоб мекунем, ҳанӯз корро сар накарда, қайчӣ сар мешавад…

— Як намоиши хуби шуморо ҳам бо номи “Дуои модар” бастанд…

— Бале. Намоиши хуб буд. Баъди панҷ намоиш баста шуд. Ҳол он ки, онро метавонистем солҳо ба саҳна гузорем…  

— Се намоиши хуби панҷ соли охир кадомҳоянд?

— Мутаассифона, ман дар панҷ соли охир дар кишварамон намоиши хуберо надидам. Ягона намоише, ки кирои тамошо кардан буд, “Манқурт”-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Барзу Абдураззоқов буд, ки онро низ қабул накарданд ва бастанд. Ман дар рӯзи охирини тамрин ин намоишро дидам. Воқеан дар сатҳи намоишҳои дунё буд.

— Набудани Барзу Абдураззоқов дар фазои театрии мо эҳсос мешавад?

— Албатта. Магар мумкин аст, ки ба ин аҳволе, ки театрҳо доранд, Барзу барин режиссёр дар берун бошад? Ӯ дар кишварҳои ҳамсоя корҳое мекунад, ки даҳони мардум боз мемонад. Ман барои гирифтани ягон унвон ва ё корҳои шахсии худ ҳаргиз дари вазоратхона нарафтаам ва нахоҳам рафт. Аммо барои овардани Барзу Абдураззоқов рафтам. Ва пеши ман дафтар бароварданд, ки ӯ фалон корро карду фалон гапро гуфт. Қабул. Вале дар тамоми дунё иштибоҳҳои сиёсӣ бахшида мешаванд, истисно ҳаст… Охир, вай мутахассиси беҳтарин аст. Розӣ кун, биёр, маош деҳ, даҳонашро скотч зану бигӯ “кор кун”…

Муҳоҷират мераванд, то филм бигиранд

— Интиқод мекунанд, ки Қурбони Собир барин ҳунарманди барҷаста гоҳо дар филмҳои каммазмун нақш иҷро мекунад. Чӣ чиз бояд созгор набошад, ки шумо нақшофарӣ дар ин ё он филмро рад кунед?

— Ман ҳунармандам. Нони ман аз дӯкони ҳунар аст. Тоҷир нестам, дар бозор дӯкон надорам. Дар Ҳолливуду Болливуд ҳам нақш намебозам. Яъне ба хотири зиндагӣ маҷбурам, ки дар филмҳо ё роликҳои каммазмун нақш иҷро кунам. Дигар ин ки, ҷавонон вақте бароям нақш пешниҳод мекунанд, дилам намешавад рад кунам. Зеро баъзе мераванд ба Русия, заҳмат кашида, пули калон ҷамъ мекунанд, меоянду филм сабт кардан мехоҳанд. Охир, барои чӣ? Рав мошин хар, хона соз, ҷоеро обод кун. Чаро филм сохтан мехоҳӣ? Вале хоҳиш доранд.

— Дар Тоҷикистон синамо соҳаи даромаднок нест. Аксари филмҳо хароҷоташонро намепӯшонанд. Пас чаро ҷавонон филм мегиранд?

— Бале, хелеҳо миёнҳояшонро шикастанд, аммо ин барои дигарон таҷриба намешавад.  

— Муносибати хушдоман бо келин, фарзанде, ки ба модараш меҳрубонӣ намекунаду баъди маргаш пушаймон мешавад, падари сарватманде, ки ба тарбияи фарзандаш таваҷҷуҳ намекунад, келин ё домоди бой, ки ба хонаи хушдомани камбағал меравад… Кай синамои мо аз ҳамин гуна мавзуҳо халос мешавад?

— Як коргардон, як бачаи навкори 20-22-сола чандин маротиба ин хатоиро такрор мекунад, яъне дар мавзуъҳои обшуста филм ба навор мегирад, то ки ба сатҳи зарурӣ расад. Барои мисол Муҳиддини Музаффар. Ӯ ҳам дар ин мавзуъҳо чанд филм гирифт, ки дар онҳо ман низ нақш бозидаам. Бо таассуф, филмҳо на ҳамеша муваффақ буданд. Муҳиддин ин роҳро тай кард, то “Дов” барин филме бигирад, ки имрӯз ними дунёро мегардад…

— Ҳоло дар Тоҷикистон киҳо филми хуб мегиранд?

— Метавон гуфт, ки Муҳиддини Музаффар филмгириро ёд гирифт. Ва умед мебандем, ки минбаъд филмҳои хуби таърихиву рӯзмарра аз ҳаёти мардум бигирад.

Такягоҳ

— Ҳамсари шумо бону Гулчеҳра ҳамсабақатон ҳастанд. Як муддат ҳамчун ҳунарпеша фаъолият карданд. Сабаби тарки пеша кардани эшон чӣ буд?

— Зиндагӣ дар солҳои 90-95 вазнин шуд. Кор ба ҷое расид, ки ман бояд ҳунарро тарк карда, ба Русия мерафтам. Бародарон ва дӯстонам аллакай муҳоҷир буданд. Дар ин вазъият Гулчеҳра пешдастӣ кард, оқилӣ кард. Гуфт: «Ту бояд инҷо бошӣ ва кор кунӣ!». Вақте ки ман ба хона нон оварда наметавонистам, ӯ ин масъулиятро ба дӯш гирифт. Азбаски духтари шаҳр буд, дар мизе бо фурӯхтани чанд жвачка тиҷоратро оғоз кард… Вақте ман «Фаррухнома»-ро навиштам, дар саҳифаи аввалаш ишора кардам: “Ин китобро ба ҳамсарам хонум Гулчеҳраи Мирзои Сафар мебахшам”. Ҳама ҳайрон шуданд, ки чаро ин хел кардӣ? Гуфтам, агар ӯ барои кӯдакон нон намеёфт, шояд ман инҷо набудам. Ҳамон замони бисёр сахт ӯ ба ман, ки дар каноре нишаста китоб мехондам ва китоб менавиштам, нон равон мекард. Баъд аз оне, ки вазъият беҳтар шуд, албатта, ман дигарбора зиндагиро ба даст гирифтам. Гулчеҳра ҳунарманди хуб буд. Дар чандин сафарҳои хориҷӣ дар Эрон, дар Маскав, дар Полша ҳамроҳи ман буд ва дар намоишҳо нақш мебозид… Агар имрӯз ман ба ҷое расидам, аз заҳматҳои хонумам аст.

Чанд фарзанд доред?

— Чор фарзанд.

— Духтаратон Соро касби шуморо идома медиҳад…

— Ман комилан розӣ набудам, ки ӯ ба роҳи ҳунар равад. Вале ӯ ин роҳро интихоб кард ва ман ҳақ надоштам, ки монеъи ӯ шавам. Ӯ дар шуъбаи журналистика таҳсил мекард. Дар донишкада муаллими дарси маҳорати актёриаш ман интихоб шудам. Ҳамагӣ даҳ дарс кифоя буд, ки ӯ дар дунёи ҳунар ғарқ шавад. Дар Норвегия як курси тахассусиро оид ба пластикаи тану машқҳо гузашт. Дар чанд намоиши театрӣ ва филмҳо нақш бозӣ кард. Ҳоло дар канори ман дарс мегӯяд.  

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *