Вақте ки шавҳар занро барои хиёнаташ ҷазо медиҳад…
ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як ҷавонписар аз шаҳри Турсунзода модари панҷ фарзандашро корд задааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 24-уми майи соли 2024 хабар дод, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Турсунзода барои қасд гирифтан аз ҳамсараш бо корди хоҷагиродӣ мусаллаҳ гардида, дари хонаи истиқоматиашро аз дарун махкам карда, бо задани 10 корд занашро аз ҳаёт маҳрум кардааст.
Аз рӯйи нишондоди гумонбар, суханҳои қабеҳ ва хиёнати ҳамсараш ӯро ба ғазаб оварда, боиси он гардидааст, ки ҷинояти одамкуширо содир намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ