Вақте шиками кӯдак дамиш мекунад, чӣ бояд кард?
Салом! Ман зани 38-солаи модари чор фарзанд ҳастам ва ба хотири саломатии фарзандам ба шумо муроҷиат карда истодаам. Вақтҳои охир писарчаи хурдиам, ки дар синфи 1-ум мехонад, тез-тез аз дарди шикам шикоят мекунад. Аввалҳо гумон мекардем, ки бача мактабгурез шудааст ва барои ба мактаб нарафтан баҳона мекобад, вале мушоҳида карда истодаам, ки дар ҳақиқат шикамаш дамиш мекунад. Одатан шиками тифлакони навзод дамиш мекунад ва шахсан ман дар бачаҳои мактабхон дамиши шикамро хеле кам дидаам, аз ҳамин сабаб ба ташвиш афтодам. Мехоҳам сабаби дамиш кардани шиками писарам ва роҳи табобати онро бидонам.
ҲОҶАРБӢ, аз ноҳияи Рӯдакӣ
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
— Хоҳари азиз, Ҳоҷарбӣ! Дар ҳақиқат, ҳамон тавре, ки худи шумо гуфтаед, дамиши шикам дар тифлакони навзод бештар ба назар мерасад ва бо мурури замон дар 3-4 моҳагӣ он гум мешавад. Сабаби дамиш кардани шикамчаи тифлакони навзод дар он аст, ки дар моҳҳои аввали зиндагӣ рӯдаҳояшон чандон хуб фаъолият намекунанд, вале бо мурури замон кори рӯдаву меъда ба низом даромада, дамиши шикам гум мешавад. Дар кӯдакони синну соли калонтар бошад, дамиши шикам бештар бо сабаби риоя накардан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ, истеъмоли ғизоҳои сахту бирёнӣ, картошкахушкак, нонхушкак (кириешки) ва дигар хӯрданиҳое пайдо мешавад, ки пур аз моддаҳои кимиёвӣ ҳастанд ва ба зудӣ ҳазм намешаванд. Ман чанд давои санҷидашудаи халқиро ба шумо тавсия медиҳам, ки дамиши шикамро нест мекунанд, вале барои эҳтиёт кӯдакро як бор аз назорати духтур низ гузаронидан лозим аст.
Нусхаи аввал
Сабаби дамиш кардани шикам метавонад истеъмоли ягон хӯроки сахту бирёнӣ ва гирифтани рӯдаҳо бошад. Дар ин ҳолат тухми зағир беҳтарин давост. Як қошуқчаи чойхӯрӣ тухми зағирро дар як истакон об ҳамагӣ 10 дақиқа ҷӯшондед ва хунук карда, суҳбу шом пеш аз хӯрок ним пиёлагӣ ба кӯдак диҳед.
Нусхаи дигар
Барои дамиши шикам барги зуф ва қоқу ҳам даво шуда метавонанд. Меъда ва рӯдаҳои кӯдак хуб кор накунанд, решаи қоқуро нағзакак шуста, дар офтоб хушк кунед ва сипас кафмол намуда, ба хока табдил диҳед. Ба ин хока 20 грамм барги зуф ва 20 грамм арпабодиён илова карда, давои ҳосилшуда ду қошуқашро ба чойник андозед ва аз болояш ним литр оби ҷӯшидагӣ рехта, камтар ҷӯшонеду баъд оташро хомӯш намуда, монед як-ду соат истад. Даворо аз докаи тоза полонида, саҳару бегоҳ аз он пеш аз хӯрок 50 граммӣ ба кӯдак додан лозим аст. Шумо метавонед ҳамчунин як қошуқи калон тухму барги зуфро дар 200 грамм об муддате ҷӯшонед ва соф карда, рӯзе се маротиба ду қошуқӣ ба фарзандатон диҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ