Вақте театр суқут мекунад… Суҳбати ошкоро бо Хуршед Мустафоев
7 ноябр театри тоҷик 90 — сола мешавад. Аҳли санъат ин ҷашни бошукӯҳро дар ҳоле пешвоз мегиранд, ки коршиносон вазъи театри тоҷикро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Барои инъикоси вазъи театр суҳбате доштем бо актёр ва режиссёр Хуршед Мустафоев, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
-Хуршед, аз шумо маъзарат мехоҳам, аммо ман фикр мекунам, ки вазъи театри тоҷик ниҳоят бад аст…
-Танҳо шумо чунин фикр намекунед, зеро воқеан ҳамин тавр ҳам ҳаст. Театри тоҷик дар ҳоли суқут қарор дорад…
-Сабаб дар чист?
-Сабаби якум ва асосӣ дар он аст, ки мо режиссёр надорем. Умедворам, ки коргардонҳо аз ман наранҷанд, аммо ин ҳақиқат аст. Мо режиссёрони хуб дорем, аммо ҳамаи онҳо дар қолаби куҳна ва шахшуда кор мекунанд ва спектакли ба талаботи замон ҷавобгӯро ба саҳна намегузоранд.
Намоишҳои хуб зиёд аст, аммо навгонӣ нест. Ҳамон шевае идома дорад, ки солҳои 30-юм буд, гарчанде мо дар соли 2019 зиндагӣ дорем. Дуюм драматург надорем. Асари ба талабот ҷавобгӯйи тоҷикӣ нест, ки ба саҳна монем. Бинобар ин театри мо тамошобини муосирро ҷалб карда наметавонад. Театр аз тамошобин фарсахҳо дур мондааст. Имрӯз мардум ба телевизион ва интеренет дастрасӣ дорад ва он ҷо чизҳои ҷолиб хеле зиёд аст, ки дар ягон театри мо нест. Ҳол он ки театри муосир бояд бо интернет рақобат карда тавонад. Ин корро ҳамсояҳои мо карда тавонистанд.
Мо дар ҷашнвораҳо асарҳоеро мебинем, ки кас ба ҳайрат меояд. Бо вуҷуде ки барои он корҳо фикри фавқулода лозим нест, аммо намедонам чаро мо ҳатто ними онро карда натавонистем. Сеюму чорум омилҳои суқути театр низ ҳастанд, ба монанди камбудии иқтисодӣ, вазъи зиндагии ҳунармандон, набудани мутахассисон ва ғайра, ки албатта, барои рушди театр бетаъсир буда наметавонад…
-Шумо дар мавриди асарҳои нав ва идеяҳои ҷадид ишора кардед. Ҳол он ки худатон «Найрангҳои Майсара» ва «Исёни арӯсон» барин асарҳои солҳои 30-юмро ба саҳна гузоштед…
-Бале, аммо кӯшиш кардем, ки онҳоро ба шеваи нав пешниҳод кунем. Ман режиссёри касбӣ нестам. Аз рӯйи шавқ ва ба хотири завқи тамошобин ин асарҳоро ба саҳна гузоштам.
-Айни замон дар театри шумо – Театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковсикий, ки дар як гӯшаи Театри Лоҳутӣ ҷойгир аст, тамрини «Ҳамлет» идома дорад. Чунин асари калонҳаҷмро дар чунин як саҳнаи хурд чӣ гуна таҳия мекунед?
— Барои «Ҳамлет» зарур нест, ки саҳна калон бошад… Ёд дорам, дар як саҳнаи хурди 3х4 Барзу Абдураззоқов беҳтарин асари худ «Муҳоҷирон»-ро ба саҳна гузошта буд… Муҳим саҳна нест, муҳим тарзи пешниҳод ва паёми намоиш аст… Мо феълан ҷон канда истодаем, спектаклро бинед, хулоса мебароред, ки муваффақ шудем ё не…
-Шумо ба режиссёрони зиёде кор кардед: Фаррух Қосимов, Барзу Абдураззоқов, Баҳодур Миралибеков, Султон Усмонов ва ғайра. Оё инҳо метавонистанд, ки театри моро ба замона ҳамқадам кунанд?
-Бале, ҳар якеи инҳо метавонанд, вале намедонам чаро ҷуръат намекунанд. Фақат устод Фаррухи Қосими равоншод тавонист, ки қолабҳоро шиканад ва театри нав созад – Театри Фаррухи Қосим. «Аҳорун»-е, ки имрӯз ҳаст, он театри Фаррух нест, зеро худи Фаррух нест…
-Ба андешаи шумо, чаро Фаррухи Қосим тавонист, ки инқилоб кунад?
-Медонед, театр бояд исён бошад. Албатта, исён гуфта ба ҷангу хархаша даъват карданро дар назар надорам, аммо ҳар як спектакл бояд дар рӯҳияи тамошобин исёни равонӣ ба вуҷуд орад. Инсонҳоро ба таҳрик орад, ба шӯр ангезаду тағйир диҳад. Ва Фаррух ин корро кард, зеро исёни ботинии ӯ фавора зада, туғён намуд.
Вақте дар Ҷашнвораи Чехови Маскав будем, мунаққидон гуфтанд, ки Станиславский китоби театрро боз кард, Фаррухи Қосим бошад, бо «Юсуфи гумгашта»-аш он китобро пӯшид. Акнун касе лозим аст, ки китоби нав кушояд. Давлатҳои дигар ин корро карданд. Масалан дар Ӯзбекистон Театри Илҳом, пайдо шуд, ки ҳамон исёну туғён аст. Аммо мо карда натавонистем.
-Умуман, худи театр чист?
-Мегӯянд, ки театр оинаи зиндагист. Ҳамин тавр ҳам ҳаст, аммо имрӯз оинаи мо беҷилост, хира шудааст, инъикос намекунад…
-Дар замони шӯравӣ Душанберо шаҳри театрӣ мегуфтанд…
-Бале, зеро он замон театрҳо хуб кор мекарданд. Тасаввур кунед, ки «Ҳамлет»-ро се соат бо антракт мардум тамошо мекард. Ҳозир касе кор намекунад. Аҳли театри мо сахт тамбал ҳастанд, кор кардан намехоҳанд.
-Ҳамин рӯз агар фармоне барояд, ки тамоми театрҳои Тоҷикистон баста шавад ва актёрҳоро ҷавоб диҳед дар ҷомеаи мо чӣ тағйирот мешавад?
-Ба ғайр аз оне, ки мардум бекор мемонанд, дигар ҳеҷ чизро аз даст намедиҳем… Медонам, ин посухи ман хеле дағал аст, аммо ҳақиқат аст. Шояд ҳамкасбонам аз ман ранҷанд, ки мо фалон давлатҳо рафтем, фалон ҷоизаҳо гирифтем, аммо ҳақиқат онест, ки ман гуфтам. Зеро бори дигар мегӯям, мо барои таъсир расонидан ба ҷомеа ва маҳбубу зарурӣ будан кор накардем. Шумо спектакли «Фирдавсӣ»-ро дидед? Магар асари бад аст?
Бад нест, аммо дар баробари ин ҳарфи наве нест, бинобар ин ба тамошобин маъқул нашуд. Ба монанди «Фирдавсӣ» қаблан «Куруши Кабир», «Исмоили Сомонӣ», «Носири Хусрав» ва ғайра таҳия шуда буд, ин намоиш чизе наве набуда, такрори онҳо буд. Чархи боло аз «Рустам ва Сӯҳроб», тарзи иҷро аз асари дигар. Қурбони Собир қабл аз ин Лир, Шайтон ва дар намоиши Шабпарак бозӣ карда буд… Яъне аз Фирдавсӣ беҳтар нақшҳо дошт. Бигзор эшон аз ман наранҷанд, он кас устоди мананд, аммо Фирдавӣ такрори нақшҳои пешин буд ва навгонӣ надошт… Ин ҳарфҳоро мегӯяму ба сарам борони маломат мерезад, медонам, зеро мо танқидро қабул карда наметавонем.
-Мо мунаққид ва нақди театрӣ дорем?
-Не. Касе имрӯз ба театр машғул нест…
-Дар 5 соли охир чанд спектакл тамошо кардед, ки мақбули дилатон шуда бошад?
-«Шоҳ Лир ва Гамлет» ва «Ваҳваҳабонувон»-и Театри Конибодом дар таҳияи Авлиқулӣ. Чаро Авлиёқулӣ? Барои он ки ӯ ҳарфи гуфтанӣ дорад. Коргардонҳои мо ӯро қабул накарданд, дар ҷашнвораҳо ҷоиза ҳам надоданд. Зеро корҳои Авлиёқулӣ исён буданд. Баъди ин «Қорӣ-ишкамба»-и Муҳиддини Музаффар аз ҳамин театр низ асаре буд, ки дар мавриди он андеша кардан мумкин аст.
-Пул барои рушди театр чанд фоиз кумак мекунад?
— Шояд 30 %…
-Айни замон камбудии иқтисодӣ ба кори шумо таъсир мерасонад?
-Бале. Масалан мо барои «Ҳамлет» се маротиба либосро иваз кардем, барои он ки пул нест. Ва охирин варианти арзонро пайдо кардем, ки бад набаромад… Пул, албатта, муҳим аст.
-Кӯчидани шумо ба як гӯшаи Театри Лоҳутӣ, ба коратон чӣ таъсир гузошт.
-Ҳеҷ. Агар режиссёр ва ҳунарманд хоҳиш дошта бошанд дар таҳхона ҳам кор мекунад.
-Чӣ бояд кард, ки театри тоҷик театр шавад?
-Хеле одӣ аст. Кор кардан лозим… Тамом! Барои ин хоҳиш даркор.
-Шумо аз коратон розӣ ҳастед?
-Аз кори кардаам не, аммо аз коре ки мекунам, бале. Ман чӣ қуввае дорам барои театр сарф мекунам. Аммо чӣ мешавад, намедонам.
-Маоши театр барои зиндагии шумо кифоя аст?
-Агар дар Душанбе хона медоштам, мерасид. Чун иҷоранишинам, душвор аст.
-Шояд ба ҳамин хотир оиладор ҳам нестед?
-Бале. Ман комфортро дӯст медорам ва барои оила комфорт лозим аст. Бо маоши театрии ман оиладор шудан ва таъмин кардани хона ғайриимкон аст. Вақте оиладор мешавам, бояд театрро раҳо кунам ва ба кори дигар гузарам.
-Чӣ кор аз дасти шумо меояд?
— Масалан метавонам педагог бошам, ё ба тиҷорат машғул шавам, аммо ман корамро дӯст медорам…
-Афсӯс намехӯред, ки умратон сарфи театр шуд?
-Не, ман карерист ҳастам… Ва умрамро аллакай ба театр бахшидам, дигар онро бозгардонида намешавад.
-Бо вуҷуди ин шумо ҳоло ҳам унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон»-ро надоред?
-Бале. Ман Ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ-ро дорам ва бояд баъди 5 соли он унвон мегирифтам, инак 9 сол сипарӣ шуд ва аз унвон дарак нест. Соли гузашта ҳуҷҷатҳои маро театр пешбарӣ кард, аммо насабат тоҷикӣ не, гуфта қабул накарданд. Ман гуфтам, ки шумо унвонро барои чӣ медиҳед? Барои насаб ё ҳунар? Бо вуҷуди ин барои иваз кардани насаб азм кардам, аммо бинам 4-5 моҳ вақт ва 5-6 ҳазор сомонӣ маблағ лозим… аз баҳраш гузаштам…
Мусоҳиб
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ