Вақте зан шавҳарро куштанӣ мешавад…

ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як ҷавонзан аз Шаҳристон дар ҳолати мастӣ ҳамсараш аз Ховалингро дар хонаи иҷорааш дар шаҳри Исфара корд задааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18-уми майи соли 2024 хабар дод, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон шаби 14 ба 15-уми майи соли 2024, тахминан соати 00:30, дар ҳолати мастӣ ба яке аз биноҳои кӯчаи Д. Шарипови шаҳри Исфара, ки дар ин суроға шавҳараш — ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ховалинг зиндагонӣ мекунад, ворид шуда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст ва дар ҷараёни муноқиша бо корди қатшаванда як маротиба ба шиками шавҳараш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *