Вақте ки Манижа Давлат мерақсад…

Парвина Саидова, модели тоҷик дар Инстаграм видеои рақси Манижаи Давлат, овозхони шинохтаро нашр кардааст.

Дар як маърака Парвина ва Манижа ҳарду дар ҳавои як таронаи эронӣ рақс мекунанд. Манижаи Давлат дар Инстаграм ба Парвина Саидова барои ташкили ин шабнишинӣ изҳори сипос карда, ин рӯзро яке аз хушбахттарин рӯзҳо дар зиндагии худ номидааст. Рӯзи 31 декабр зодрӯзи Манижа буд, вале Парвина посух додааст, ки ин на зодрӯзи Манижа, балки як шабнишинии оилавӣ буд.

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, дар аввалҳои солҳои 2000-ум дар саҳнаи эстрадаи тоҷик зуҳур кард ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ситораҳои раддаи аввал табдил ёфт.
Аммо ӯ дар соли 2006, вақте дар айни авҷи шуҳраташ қарор дошт, ба таври то ҳол номаълум тарки саҳна кард ва бо вуҷуди даъватҳои батакрори мухлисонаш, дигар барнагашт.
Манижаи Давлат дар баробари Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова аз ангуштшумор намояндагони насли нави овозхонони зан аз Тоҷикистон аст, ки берун аз Тоҷикистон, бахусус дар Афғонистону Эрон, Узбекистон ва дар минтақаҳои тоҷикнишини Чин шинохта шудаанд.

Манижа то ҳол дар ягон ҷо ошкор накардааст, ки сабаби чунин якбора тарки саҳна кардану гӯшанишин шуданаш чӣ ё кӣ буд?
Манижаи Давлат солҳои охир гоҳ-гоҳ оҳангҳое таҳия мекунад, ки овозхонҳои дигар месароянд, вале худаш дигар ҳунарнамоӣ намекунад.
Вале бо вуҷуди солиёни дурӣ аз саҳна то ҳол мухлисонаш дар Тоҷикистон ва берун аз он хеле зиёданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *