Вақти он фаро расидааст, то монеаҳое, ки пеши роҳи занону мардонро барои пешрафт дар шуғл ва доштани шумораи дилхоҳи кӯдакон мегиранд, аз байн бардошта шаванд

Ҳанӯз ҳам интизор меравад, ки занон дар саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ қисми зиёди кори бемузд дар хонаро ба дӯши худ бигиранд: рӯбучин, идораи хонавода, нигоҳубини кӯдакон, шавҳарон ва хешовандони калонсол. Ин ҳолат то андозаи васеъ фарқияти гендериро шарҳ медиҳад, ки мо дар бозорҳои кор мебинем. Шумораи камтари занон нисбат ба мардон дар кори музднок кор мекунанд ва онҳое, ки ин корро мекунанд, эҳтимолан нисбат ба мардон камтар музд мегиранд, дар шуғли худ сусттар пеш мераванд ва шуғлҳои пасттар ва беэътимод доранд.

Ин ба хотири ду сабаби асосӣ нигаронкунанда аст. Якум, он имкониятҳо ва интихоби занонро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекунад ва пешрафтро дар роҳи ноил шудан ба баробарии гендерӣ бозмедорад. Ва дуюм, ин барои иқтисод бад аст, пеши роҳи миллионҳо занро барои такмили маҳоратҳо ва истеъдоди худ мегирад ё онҳоро аз қувваи корӣ мустақиман берун мекунад.

Сабаби дигаре вуҷуд дорад, ки шояд камтар баррасӣ мешавад, мо бояд аз боқӣ мондани меъёрҳои куҳна дар атрофи нақшҳои занон дар хона ва ҷои кор нигарон бошем: онҳо идоракунии тағйироти демографиро барои кишварҳо душвортар мегардонанд.

Ин махсусан ба Аврупои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ дахл дорад, ки дар он ҷо ҳиссаи занон дар қувваи корӣ махсусан паст, ба таври умум камтар аз 50 дарсад аст ва фарқияти байни сатҳи шуғли мардон ва занон назар ба Аврупои ғарбӣ васеътар аст. Дар Албания 32 дарсади ҷавондухтарони синнашон аз 15 то 29-сола аз сабаби уҳдадориҳои кори бемузди нигоҳубин (дар муқоиса бо ду дарсад мардони ҷавон) кор ва таҳсил намекунанд.

Ҳамзамон, кишварҳои Аврупои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ бо мушкилоти бесобиқаи демографӣ рӯбарӯ ҳастанд, зеро муҳоҷирати васеъмиқёс ва сатҳи пасти таваллуд боиси кам шудани шумораи аҳолӣ гардида, ҳиссаи одамони солхӯрдаро зиёд намуда, сабаби нигаронӣ аз дурнамои рушди иқтисодӣ ва устувории системаҳо ва хизматрасониҳои таъминоти иҷтимоӣ шудааст.

Дар партави ин фишорҳо, маълум мешавад, ки кишварҳо наметавонанд як қисми зиёди аҳолии худро аз иқтисодиёт ва ҳаёти ҷамъиятӣ хориҷ кунанд. Барои бомуваффақият будани стратегияҳои миллӣ ҷиҳати мубориза бо тағйироти демографӣ, онҳо бояд сиёсатҳоеро дар бар гиранд, ки барои занон ва мардон ҷиҳати мувофиқ кардани масъулиятҳои худ дар ҷои кор ва хона сабукӣ ба вуҷуд оранд.

ЮНФПА — Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, ҳукуматҳо ва бахши хусусиро дар қабули сиёсатҳои оилавӣ дастгирӣ менамояд, ки чунин нуфуз доранд.  Дар охири ин ҳафта, мо раҳбарони ҳукумат ва бизнесро дар Истанбул дар як конфронс ҷамъ меорем, то муҳокима кунем, ки чӣ гуна мо метавонем ба ҳадафи эҷоди муҳити корӣ наздиктар шавем, ки дар он занон ва мардон дастгирии заруриро барои амалӣ кардани орзуҳои худ ҳам дар шуғл ва ҳам дар оила ба даст оранд.

Ҳукуматҳо дар саросари минтақа дарк мекунанд, ки роҳи анъанавии мубориза бо тағйирёбии демографӣ — аслан пешниҳоди ҳавасмандии молиявӣ ба одамон барои доштани шумораи бештари кӯдакон – самарабахш нест ва рӯйкарди ҳамаҷониба лозим аст. Сиёсати оилавӣ, ки аз он занон ва мардон манфиат мебардоранд ва онро дар назар мегирад, ки оилаҳои муосир намуд ва шаклҳои гуногун доранд, як ҷузъи муҳими ин баста мебошанд. Дидани ин чиз ташвиқкунанда аст, ки ҳукуматҳои минтақа як қатор чораҳои васеъро мавриди озмоиш қарор додаанд: сар карда аз рухсатии музднок барои ҳар ду волидайн ҷиҳати нигоҳубини кӯдак то  кӯмакпулӣ барои нигоҳубин ва қонунгузории зидди табъиз, ки аз занони ҳомила ҳимоя мекунад.

Бахши хусусӣ низ бозгашти фоидаи сармоягузориро эътироф мекунад, вақте сухан дар бораи мувозинати қавии кор ва зиндагӣ ва беҳтар кардани шароити корӣ барои волидон ва парасторон меравад. Намояндагони бизнесҳо болоравии обрӯи кори худро қадр мекунанд, вақте ки ҳамчун пешсаф дар ин соҳа дида мешаванд. Ва онҳо аз рӯҳияи баланди кормандон ва мавридҳои ками нарафтан ба кор, аз кор рафтани кадрҳо ва хароҷот барои ҷалб кардан ба кор баҳра мебаранд, ки ҳамаи ин ҳосилнокӣ ва даромади бештар меорад.

Реҷаи кории тағйирпазир, рухсатии саховатмандона ва дорои музди баланд барои волидон, утоқҳои махсус барои модарони ширдеҳ ва муассисаҳои нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷумлаи чунин чораҳо мебошанд. Менеҷерони сатҳи боло дар намунаи ибрат будан нақши муҳим доранд, масалан, худи онҳо рухсатии волидон мегиранд ва фарҳанги дастгириии идораро ба вуҷуд меоранд.

Маълумоти мо нишон медиҳад, ки меъёрҳои иҷтимоӣ вобаста ба нақшҳои занон ва мардон дар хона ва ҷои кор тағйир меёбанд. Масалан, дар Молдова 59 дарсади мардон мегӯянд, ки мехоҳанд бо фарзандони худ вақти бештар гузаронанд ва агар имкон дошта бошанд, барои анҷом додани ин кор омодаанд, ки соатҳои камтар кор кунанд. Дар дигар кишварҳое, ки мо маълумот гирифтаем, рақамҳо монанданд. Ин ба мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи бештари одамон мехоҳанд аз нақшҳои сахти гендерии замони гузашта дур шаванд ва ба роҳи тағйирпазир ва баробари ташкил кардани ҳаёти оилавӣ ва корӣ ворид шаванд.

Вақти он расидааст, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсатҳо ва хидматрасониҳо, инчунин фарҳангҳои ширкатро ба ин воқеиятҳои нав мутобиқ созем ва монеаҳоеро, ки пеши роҳи занону мардонро барои пешрафт дар шуғл ва доштани шумораи дилхоҳи кӯдакон мегиранд, аз байн бардорем.

Вақте ки кишварҳои минтақа бо оқибатҳои тағирёбии демографӣ мубориза мебаранд, сармоягузорӣ ба сиёсат барои оилаҳо ҳамчун стратегияи калидӣ ҷиҳати баланд бардоштани устуворӣ ва беҳтарсозии баробарии гендерӣ ба миён омадааст. Агар занонро маҷбур намекарданд, ки аз доштани шуғл ва доштани оила якеро интихоб кунанд, ин як қадами бузурге дар роҳи тавонмандсозии занон дар ҳама бахшҳои зиндагӣ ва имкони фароҳам овардани шумораи дилхоҳи фарзандон хоҳад буд. Ин метавонад ба баланд шудани сатҳи таваллуд оварда расонад. Аммо муҳимтар аз ҳама, он ба занон ва мардон имкон медиҳад, ки тавоноии худро дар кор ва дар хона ба манфиати ҳама истифода баранд.

Флоренс БАУЭР,

директори Дафтари минтақавии ЮНФПА барои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *