ВАҲШОНИЯТ: Таблиғгари он кист?
Ростӣ, аз кадом куштори даҳшатбори охир, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст, сар карданро намедонам, аммо яқин медонам, ки ҷумла ҳама ин кушторҳо ба таъсири бозиҳои даҳшатбор дар интернет кафеҳо ва филмҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадаанд.
Мақомоти интизомӣ вуруди ноболиғони то синни ҳаждаҳсоларо ба интернет кафеҳо манъ кард, ҳеҷ натиҷае ба даст наомад. Зеро бархеи онҳо барномаи бозии қатлу кушторро, ки аз бозии он лаззат мебаранд, ба хона бурда, ба компютер, планшет ва телефони худ насб мекунанд.
Волидони ин гуна бачаҳои “замонавӣ” ва “ҷасуру нотарс” ҳеҷ гоҳ монеи ӯ барои машғул шудан ба ин қабил бозиҳои хусусияти қатлу кушторбуда намешаванд, зеро ӯ ҷавон аст мегӯянд ва як ҷавонӣ кунад. Оқибати он ҷавоникарданҳо боиси ба дунёи фонӣ гулес кардани чандин ҷавонони дигар гардидааст. Аммо баъд гап сари филмҳои хориҷӣ меравад, ки имрӯз дар дурдасттарин деҳоти кӯҳистони кишвар ба аҳолӣ дастрасанд.
Мафкураи танг ва каллаи холии ҷавонони кишвар, ки на саводи кофии динӣ ва дунявӣ доранд, сабабгори асосии аксарияти кушторҳо дар ҷумҳурӣ мешавад. Саводноккунӣ ва ошно намудани онҳо ба ҳақиқати асл, ки ҳоло аксарият онро дарк намекунанд, вазифаи ҳар як шахс аст.
Нодуруст ва аз меъёр зиёд истифодабарии интернет боис гардид, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонони мо ба давлатҳои ҷангзада барои “ҷиҳод” равона шуданд. Онҳое, ки он ҷо қурбон шуданд, шояд алифбои тоҷикиро то охир азёд намедонистанд, аммо худро “муҷоҳид” пиндоштанд ва дар ин роҳ “шаҳид” шуданд. Ин ҳама далолат ба он мекунад, ки ҳоло на ҷавонон, балки нисф зиёди аҳолӣ чӣ тавр кор бурдан дар интернет, алалхусус шабакаҳои иҷтимоиро, сарфаҳм намераванд.
Дар баробари ин кадом филме, ки дар оинаи нилгун намудор шавад, онро то охир якҷо бо аҳли оила тамошо мекунанд. Муҳим нест, ки дар он филм қатлу кушотор, лаҳзаҳои ғайриахлоқӣ ва зӯроварӣ ҷой дорад, муҳим ин аст, ки аз он аҳли оила лаззат баранд.
Ин аст сабабгори қатлу куштор дар манотиқи кишвар. Боқӣ қазоват аз шумост.
Нуралӣ Карим
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ