Ваҷоҳати Лавров аз вазъи Афғонистон гирифтааст
Вазири Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров назари худро бори аввал дар бораи вазъи Афғонистон изҳор кард.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо ҳамтояш аз Лаос, дар як нишасти хабарӣ вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард.
Вай қайд кард, ки Русия вазъи минтақаро бодиққат назорат мекунад.
«Мо вазъи Афғонистонро, бодиққат пайгирӣ мекунем. Пас аз хуруҷи пурраи нерӯҳои Амрико ва НАТО, авзоъ дар ин тӯли даҳсолаҳо дар ин кишвар барои ба эътидол овардани вазъи он натиҷаҳои назаррас ба бор наовардаанд», — гуфт Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ӯҳдадориҳои Русия ба ҳайси узви СААД боқӣ мондаанд ва намояндагони созмон аллакай ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон омада вазъро арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.
Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни «Толибон»* фаъолтар гардиданд.
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва «Толибон» дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, «Толибон» аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
Вазъи ба амал омадаи кунуии Афғонистон имрӯз тамоми манотиқи Осиёи Миёна ва кишварҳои сулҳхоҳро аз қабил Руссия ба ташвиш овардааст. Нооромии дар марзҳо ба миён омадаи чанд рӯзи авохир боиси нигарониҳо гардидаст.
Амрикои ноком, ки тули зиёда аз даҳсол дар ин сарзамин ба ягон дастоварде ноил нашуд, имрӯз бо дидани он ҳама бераҳмиҳои толибон хостори сулҳи ҷонибҳо шудааст. Шояд ӯ бар он андеша ҳаст, ки сулҳ миёни Толибону Ҳукумати Афғонистон оромишеро дар минтақа бавуҷуд меоварад. Аммо назари дигаре бар он аст, ки толибон ҳич вақт қодир нестанд, ки сари мизи гуфтушунид нишаста, вазъи ба миён омадаро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.
Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон аз ин афтударафти Толибон изҳори нигарони карда бо ҳаммаслакони худ пайи аҳдномаҳои дуҷонибаи ёварӣ барои омодабош дар сарҳадоти ин кишвар ба имзо расонидаанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ