Ваҳдат: Боздошти пирамарди 80-сола барои қаллобӣ
Бино ба маълумоти ВКД, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2014, марди 80-солаи сокини деҳаи Муъминободи болои шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 75050-сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Номбурда, бо ҳамин роҳ аз марди 43-солаи сокини деҳаи Андигон 4000-доллари амрикоӣ ва аз марди 46-солаи сокини деҳаи Ҳоҷиқатағани шаҳри мазкур 2800-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Марди гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ