Ваҳшоният дар Бирма. Қотил- барандаи ҷоизаи Нобел
Аз Мянмар( Бирма) дар бораи сарбурии кӯдакон ва зинда ба зинда оташ задану гӯрондани мардону занон аз қабилаи мусалмони Роҳинҷа гузоришҳо ба даст мерасанд. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аъмоли артиши Мянмарро «қатли ом” номид.
Вазири хориҷаи Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, чунин амалҳо обрӯи Бирмаро доғдор мекунад.
Хабарҳои расида аз Мянмар (собиқ Бирма) ҳокист, ки амалиёти нави артиши он кишвар дар минтақаҳои мусалмоннишин дар вилояти Ракҳайн дар шимоли Мянмар дар амал боз ба як маъракаи дигари қатли омми намояндагони қабилаи мусалмони Роҳинҷа табдил ёфтааст.
Дар наворҳои сершуморе, ки дар Интернет нашр мешаванд, дида мешавад, ки нирӯҳои артиши Мянмар, гурӯҳҳои ниманизомӣ ва издиҳоми буддоиҳо ба деҳаҳои мусалмонон аз қабилаи Роҳинҷа ҳамла оварда, хонаҳои онҳоро оташ мезананд, кӯдаконро дар пеши чашми падару модаронашон сар мебуранд, мардону занонро зинда ба зинда оташ мезананд ва зери хок мекунанд. Низомиҳо зоҳиран ягон боке аз муҷозоти эҳтимолӣ надоранд, чунки ин кушокушиҳои бераҳмонаро ҳамчун «корнамоӣ” ба навор мегиранд ва дар Интернет нашр мекунанд.
Амалиёти нави артиши Мянмар дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Вале тавре Френсис Вейд, як муҳаққиқи масоили Мянмар дар Твиттер навишт, «ончиро ки дар Мнямар мегузарад, ҷомаи амалиёти зидди чирикиҳо пӯшондаанд, вале дар асл ин як «погром” аст.”
Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ ҳаводиси Мянмарро «қатли ом” (генотсид) номид ва гуфт, касе ки аз ин фоҷиа чашм мепӯшад, дар он шарик аст.
Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи Бритониё хитоб ба Аунг Сан Су Ҷӣ, раҳбари кунунии Мнямар, ки дар вақташ барои муборизаҳояш барои ҳуқуқи башар сазовори ҷоизаи сулҳи Нобел шуда буд, гуфт, «Сан Су Ҷӣ бояд ба ин қазия дахолат кунад, вагарна обрӯи кишвараш доғдор мешавад.”
Мақомоти Мянмар хабарнигорон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба маҳалли амалиёт роҳ намедиҳанд. Аммо созмони Human Rights Watch аксҳои моҳвораиро нашр кард, ки баёнгари оташ задани 700 манзил танҳо дар як деҳаи Чейн Кҳар Лӣ дар вилояти Ракҳайн аст.
Фил Робертсон, раҳбари барномаҳои Осиёии ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт: «Ин акси моҳвораӣ нишон медиҳад, як деҳаи мусалмоннишинро пурра оташ задаанд. Ва ин нигарониҳои ҷиддиеро дар бораи миқёси харобкориҳо дар вилояти Ракҳайн эҷод мекунад, ки воқеият дар асл метавонад аз ончӣ ки мо тасаввур мекунем, ҳатто хеле бадтар бошад.”
Меттю Смит, раҳбари созмони «Fortify Rights” мегӯяд, авзоъ дар Мянмар ба андозае хароб аст, ки дахолати оҷили ҷомиаи байналмилалиро тақозо мекунад: «Мақомоти Мянмар натавонистанд амнияти ҳаёти мардуми мулкиро таъмин кунанд. Дар инҷо эҳтиёҷи шадиде ба фишори байналмилалӣ вуҷуд дорад.”
«Fortify Rights” бо даҳҳо намояндаи қабилаи Роҳинҷа, ки ба Бангладеш паноҳ бурдаанд, сӯҳбат кардааст.
Абдулраҳмони 41-сола, ки аз ҳамлаи низомиҳо ва издиҳоми буддоиҳо ба деҳаи Чут Рйин ҷон ба саломат бурдааст, мегӯяд: «Мардонро дар як боғи дарахтони бамбук ҷамъ карданд ва боғро оташ заданд. Ҳама зинда ба зинда сӯхтанд. Як бародари ман ҳам онҷо буд. Дигар аъзои хонаводаамро дар саҳро ёфтам. Бархеи онҳоро аз сарашон тир зада буданд. Аммо ду ҷияни маро, ки 6 ва 9 сол доштанд, сар бурида буданд.”
Султон Аҳмади 27-сола, сокини дигари ҳамин деҳа ба «Fortify Rights” гуфт, сарбуриҳои мардуми мулкиро бо чашми худ дидааст: «Бархеро сарашонро буриданд, бархеро – дасту пояшонро. Мо дар хонаамон пинҳон будем ва дидем, ки силоҳбадастон аз деҳаи ҳамсоя чигуна мардумро сар мебуриданд.”
Бирма(Мянмар) дар Осиёи ҷанубушарқӣ ҷойгир шуда, дар ғарб бо Бангладеш, дар ҷануб бо Таиланд ва дар шарқ бо Чину Лаос ҳаммарз аст. Мусалмонон ҳудуди 4 дарсад аз 60 миллион аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Тақрибан 800 ҳазори онҳо аз қабилаи Роҳинҷаанд.
Бино ба ҳисобҳо, хушунатҳои охир боиси ба Бангладеши ҳамсоя сарозер шудани ҳудуди 60 ҳазор нафар аз аҳли қабилаи Роҳинҷа шудааст. Туркия ба Бангладеш пешниҳод кард, ки паноҳҷӯён аз Мянмарро бипазирад ва харҷашро Туркия ба ӯҳда хоҳад гирифт. Аммо Бангладеш, ки алакай ба тақрибан 400 ҳазор паноҳҷӯ аз қабилаи Роҳинҷа паноҳ додааст, чандон алоқае ба қабули паноҳҷӯёни нав аз Мянмар нишон намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ