Ваҳшоният дар Спитамен

Раёсати корҳои дохилии вилояти  Суғд аз боздошти як сокини 26-солаи ноҳияи Спитамен хабар дод. Ӯ дар куштори як ҷавондухтари 20-солаи ин ноҳия муттаҳам мешавад.

Аз Раёсати корҳои дохилии Суғд хабар доданд, ки  боздошти ин ҷавон дар пайи аризаи наздикони Фарангис Рӯзиқулова сурат гирифтааст. Онҳо навиштаанд, Фарангис шаби 19 ба 20 октябри соли 2016 бедарак шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда бо вуҷуди оиладор будан бо Фарангис беш аз як сол “муносибати ошиқона” доштааст: “Гумонбаршаванда баъди он ки мефаҳмад Фарангис ҳомиладор аст, ӯро ба яке аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен бурда, бо усули буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад”.

Ба иттилои манбаъ, баъди ду рӯз ин ҷавон ба хотири нест кардани изи ҷинояти худ, ба маҳалли ҳодиса рафта, ба ҷасад маводи сӯхт мепошад ва онро оташ мезанад: “Баъдан, ҷасади нимсӯхтаро ба яке аз селроҳаҳои ноҳия мебарад ва зери хок пинҳон мекунад. Баъд тафтишоти густардаи ин ниҳод, аз ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ, мисли телефону куртаи нимсӯхта ва кафши духтар ёфт шуд. Аммо худи ҷасад пайдо нагардид, эҳтимол онро сел бурдааст”. 

РКД-и Суғд мегӯяд, феълан аз рўйи ин ҳодиса бо моддаҳои 104 ва 243-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *