Вабои аср: Гузориш аз ҳаёти нашъамандон дар Тоҷикистон
То нимсолаи соли 2018 дар Тоҷикистон 6963 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Эпидемия ё рушди бемориҳои вобаста ба нашъамандӣ аз соли 1997-ум оғоз ёфта, омили асосии он афзоиши гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ба ҳисоб мерафт. Зеро онҳо кишвари моро барои интиқоли маводи мухаддир ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебурданд.
Айни замон барои табобати ихтиёрии беморони нашъаманд дар кишвари мо шароит вуҷуд дорад? Оё теъдоди гирифторони ин беморӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст ё коҳиш? Бо мақсади пайдо намудани ҷавоб ба ин суолҳо ба чанде аз мақомоти дахлдор муроҷиат намудем.
Тоҷикистон- кишвари осебпазир…
Чӣ тавре ки директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Ҳасанов мегӯяд, ҳар давлате, ки дар чунин мавқеи ҷуғрофӣ қарор дорад, осебпазир буда, хоҳунохоҳ ба мушкилоти нашъамандӣ гирифтор мешавад. Соли 1997 57 ҳолати бемории нашъамандӣ (истифодаи героин) ба қайд гирифта шуда буд. Ин буд, ки дар кишвари мо барои пешгирии бемориҳои нашъамандӣ ва сатҳи паҳншавии он, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуд. Ба хотири пешгирии нашъамандӣ ва огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои нохуши он чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ гузаронида мешавад.
-Паҳн намудани маводи иттилоотӣ ва вохӯрию суҳбатҳо имкон дод, ки ҷомеа бештар маълумот дошта бошад. Вокунише, ки аз тарафи ҷомеа нишон дода шуд, барои мо низ имконият дод, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби башарӣ-нашъамандӣ то андозае муваффақ шавем ва паҳншавии ин бемориро дар Тоҷикистон коҳиш диҳем. Новбаста аз он, ки Тоҷикистон бо кишвари асосии тавлидкунандаи маводи нашъаовар сарҳади зиёди муштарак дорад, дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа (собиқ шӯравӣ ва махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ) нишондиҳандаи камтари истеъмоли нашъаро доро мебошад. Таъсиси маркази миллии мо низ яке аз нишонаҳои муборизаи беамони кишвари мо ба ин масъала буд. Ҳоло кишварҳои дигари ҳамсоя низ мехоҳанд чунин марказро таъсис диҳанд, — афзуд Х. Ҳасанов
Дар маркази наркологӣ
Мо ба Муассисаи давлатии «Маркази клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов»-и шаҳри Душанбе рафта, бо чанде аз табобатгирандагони ин марказ ҳамсуҳбат шудем.
«Ман ба иродаи худ бовар надорам»
З.,- сокини пойтахт:
—Дар оила 6 фарзанд будем. 10 сол мешавад, ки ба нашъамандӣ гирифтор шудам. Се сол мешавад, ки ба табобат машғулам. Вале ба иродаи худам бовар надорам, ки комилан сиҳат мешавам. Панҷ сол оиладор будам. Шавҳарам низ маводи мухаддирро истифода мебурд. Ман бекор ҳастам ва аз аҳли оилаамон танҳо апаам маро дастгирӣ мекунад. Мактабро низ то синфи 5 хондаам. Бо умеди пайдо намудани кор ба чанд ҷой рафтам. Дар яке аз нуқтаҳои сӯзишворӣ ба кор даромадам, вале вақте фаҳмиданд, ки ман чунин беморӣ дораму табобат мегирам, аз кор ронданд… Агар ягон созмон дастгирӣ намояд, ман барои кор омодаам. Ба ин беморхона бо ихтиёри худам омадам. Давоми се сол ин маводро истеъмол накардам. Ҳамарӯза ба ин беморхона меоям. Шавҳарам низ бо ҷурми истифодаи ин мавод аз олам гузашт. Аз як тараф розиям, ки фарзанддор нашудем. Медонед чаро? Зеро фарзанди бемор ва нашъамандон ба кӣ лозим аст?
Ба ҷавонон гуфтаниям, ки иштибоҳи сахти моро такрор накунанд ва ба ин роҳ нараванд. Зеро оқибаташ марг аст…
«Бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ»
М.Ш.,- сокини пойтахт:
-Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ…Вақте дӯстони бад пайдо мекунӣ ва бо онҳо зиёд ба дилхушиҳои бемаврид ва шаробнӯшӣ майл мекунӣ, нашъаманд ҳам мешудаӣ. Шаш сол боз ба ин беморӣ гирифторам. Шаш моҳ мешавад, ки ба ин беморхона омадам, то нашъамандиро бас кунам. Барои идомаи нашъамандӣ маблағ наёфтам ва ба хотири табобат ба ин марказ омадам. Зеро ҳар рӯз беш аз 100 сомониамро барои хариди мавод сарф мекардам. Ду хона ва се-чор мошинамро барои ин одати безебам барбод додам. Ду нуқтаи савдое, ки доштам, он низ аз даст рафт… Онҳое, ки дар ҷодаи тиҷорат шогирдони ман буданд, ҳоло ҳама муваффақанду бо мошинҳои гаронбаҳо мегарданд, ман бошам, дар охир муфлису қарздор ва бемор шудам. Падару модарам ва ҳамсарам низ розиянд, ки ман ба табобат шурӯъ кардам. Маълумоти олӣ дорам ва соҳаи андозбандиро тамом кардаам. 39 — сола ва соҳиби чор фарзанд мебошам. Соҳибкор мебошам ва мағозае дорам. Аз табибон розиям, ки онҳо пайи беҳбудии мо кӯшиш менамоянд. Ман хеле ва хеле пушаймонам, ки ба ин роҳ даромадам. Бовар дорам, ки сиҳат мешавам, иншооллоҳ сиҳат мешавам.
«Беморхона— хонаи якум»
М.Ғ.,- сокини пойтахт:
-Ман доирачӣ мебошам ва ҷое расман кор намекунам. Солҳои шӯравӣ дар ансамблҳои давлатӣ кор мекардам. Ҳоло чун танзим шудааст, мо низ ба тӯйҳо кам меравем. Нашъамандии ман аз соли 1994 сар шудааст. Дар аввал банги афғониро зада будам. Баъд фаҳмидам, ки он «гера» будааст. Ҳамеша хумораш мегирифт. Се сол боз табобат мегирам. Соҳиби чор фарзанд мебошам ва ду нафарашон оиладор мебошанду кор мекунанд. Вақте нашъамандонро мебинам, ин беморхонаро тавсия медиҳам. Писарам низ нашъаманд аст. Вақте ман дар вақташ ин маводро пинҳонӣ мекашидам, вай низ ҷояшро дида, аз мо пинҳонӣ мекашидааст… Акааш ин ҳолатро ошкор намуд. Ин макон барои мо мисли «хонаи якум» мебошад, зеро субҳ аз ҷой бархеста ба ин ҷо меоем.
«Табобат ихтиёрӣ ва дурудароз аст»
Рустам Шарифов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи профессор М. Ғуломов:
-Воқеан ҳам даст кашидан аз нашъамандӣ хеле сахт аст. Онҳое ки ба ин ҷо ба хотири табобат меоянд, пеши худ мақсад мегиранд, ки ба ин чиз дигар даст назананд. Вале иродаи аксари онҳо суст аст ва наметавонанд пурра бас намоянд. Ҳолатҳое ҳаст, ки пас аз чанд соли табобат аз нав ба муҳити носолим афтода, дубора маводи мухаддирро истеъмол менамоянд. Дар беморхонаи мо табобат ҳам пулакӣ ва ҳам ройгон ба роҳ монда шудааст. Табобати бистарӣ кардан (стансионарӣ) пулакӣ мебошад. Табобати ҷойивазкунанда бошад, бепул аст. Аз се то 6 моҳ табобат гирифта, сипас ба зиндагии муқаррарии худ бармегарданд ва пас аз ин бояд дигар маводи мухаддирро истифода набаранд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳаст, ки пас аз табобат 8-10 сол истеъмол накарда, боз ба нашъамандӣ даст задаанд… Равоншинос низ дорем, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо маслиҳатҳо медиҳад. Дар соли 2017 беш аз 6974 нафар беморон ба кайд гирифта шуданд, ки аз онхо 162 нафарашон зан мебошад. Дар соли 2017 дар маркази мо фавти як нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 ҳафт нафар вафот намуда буданд.
Мушкилоти асосии ин соҳа дар он зоҳир мегардад, ки мутахассисони нарколог дар кишвари мо кам аст. Аз тарафи дигар бо беморони нашъаманду майзада кор кардан осон нест. Табобат ихтиёрист, табобати маҷбурӣ танҳо бо таъминоти судӣ сурат мегирад. Табобати бистаринамоӣ то 21 рӯз буда, 500 сомонӣ муқаррар шудааст. Тайи ин рӯз хобашон муътадил гашта, иштиҳо барқарор мегардад, дарду хумор низ бартараф мешавад. Қобили қайд аст, ки шумораи беморони нашъаманд кам гашта истодааст. Ин, албатта, хурсандиовар буда, шояд натиҷаи ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ байни наврасону ҷавонони кишвар бошад.
Мутриба ТӮЙЧИЗОДА,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ