Ваъдаи 1 миллиард доллар кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳдиди суқути комили иқтисодӣ дар Афғонистонро эълон кард.

Дар конфронси байналмилалӣ оид ба кумак ба Афғонистон, ки рӯзи душанбеи 13 сентябр дар Женева оғоз шуд, дабири кулли ин созмон Антонио Гутерриш гуфт, ки иқтисоди Афғонистон хароб мешавад.

«Ин як таҳдиди ҷиддӣ аст, имкониятҳои пулӣ хеле маҳдуд аст, дар ҳоле ки пули нақд ҷонбахши иқтисод аст», — илова намуд Гутерриш.

Ҳамзамон дабири кулли СММ афзуд, ки дар заминаи маҳдудиятҳое, ки ба Афғонистон ҷорӣ карда мешаванд, пешгирӣ аз фурӯпошии системаи иқтисодии кишвар зарур аст.

Дар ин нишаст кишварҳои ҷаҳон ба мардуми Афғонистон беш аз 1 миллиард доллар кӯмаки башардӯстона ваъда карданд.

Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон 64 миллион доллар кӯмаки башардӯстона мерасонад.

Кумакҳои молии Қатар ва Арабистон низ алакай вориди Кобул шудаанд, аммо тибқи гузоришҳои коршиносон мардумро наметавон танҳо бо кумакҳо таъмин кард, зеро зимистони сарду дароз дар пеш аст, ва бояд ба иқтисоди он кишвар кумак кард.

Дар ҳамин ҳол Амрико ҳисоботҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро бастааст то ба дасти Толибон* наафтад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *