Ваъдаи Тоқаев дар пешорӯи интихоботи президентӣ (аудио)
Қосимҷомарт Тоқаев кафолат дод, ки интихоботи президентӣ дар Қазоқистон боадолатона баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ 20 ноябри соли равон баргузор шавад. Президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар муроҷиаташ гуфт, кафолат медиҳад, ки «интихобот қатъиян дар доираи қонун, боадолатона, боз ва бо иштироки комили нозирони дохиливу хориҷӣ баргузор хоҳад шуд».
Ҳамчунин, илова кард, ки «ҳайати навбатии вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз рӯи низоми нав — рӯйхати ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандагӣ» баргузор мешавад. Тоқаев афзуд, аз моҳи январи соли 2023 Додгоҳи конститутсионӣ фаъол мешавад. «Интиқоли бархе салоҳиятҳо аз президент ба парлумон ба анҷом расид. Ҳокимони минтақаҳо акнун дар асоси алтернатива интихоб мешаванд», — илова кард президенти Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки 16 сентябр порлумони Қазоқистон тағйирот ба Конститутсияи он кишварро қабул кард. Вакилон баргардонии номи пойтахти он кишварро ба Остона ва маҳдудсозии муҳлати президентиро ба як давраи 7-сола ҷонибдорӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ