Ваъдаи вазир. Кӣ дурӯғ мегӯяд: Агентии омор ё Вазорати кишоварзӣ?

Талаботи  солонаи аҳолии Тоҷикистон ба картошка 646 000 тонна аст.  Аммо мувофиқи маълумоти оморӣ соли гузашта 898 000 тонна картошка истеҳсол шудааст. Ин ҳосил дар кадом анбор аст ё ин рақам дурӯғи навбатист?

 -Рӯзномаи “Тоҷикистон”

-Бале.

-Дирӯз  ба  бозори «Деҳқон» -и Гипрозем омадам.  Ин ҷоро бозори яклухтфурӯш  ном мебаранд,  нархи  тамоми маҳсулот  ба осмони ҳафтум дакка мехӯрад.  Дар назди дафтари маъмурияти бозор, ду қадам дуртар, дар зери манаҳи директори бозор як кг картошкаро  4 сомонӣ  мефурӯшанд. Ку инсоф? Боз савдогарони бозор воҳима  доранд, ки картошка 5 сомонӣ мешавад.  Шумо —  рӯзноманигорон ба куҷо нигоҳ мекунед? Чаро дар бораи баланд шудани нархи картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои шаҳри Душанбе наменависед? То ба кай ин беназоративу ҳаннотии савдогарон дар бозорҳо идома меёбад?

-Худро муаррифӣ кунед,- пурсидам аз ҳамсуҳбат, ки тариқи телефони идораи рӯзнома 238-54-51  занг мезад.

-Ман истеъмолкунанда, -гуфт дар посух ва гӯшакро гузошт.

Чанд омили болоравии нарх

Ҳафтаи сипаришуда рӯзномаи “Тоҷикистон” вобаста бо болоравии нархи картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти ғизоӣ дар мисоли бозори “Саховат”  гузорише  чоп карда буд. Воқеан, нархи як кило картошка дар ин бозор аллакай аз 3 сомонӣ ба 4 сомонӣ расида буд. Аён шуд, ки  болоравии нархи картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал норозигии мардумро ба миён меовард. Дар навбати худ фурӯшандагон иддао доштанд, ки маҳсулотро бо нархи гарон  харидорӣ мекунанд ва эҳтимоли боз болоравии нарх ҷой дорад.

Тавре ки дар суҳбат бо фурӯшандагони бозорҳо маълум гардид,   боришоти  барфи зиёд ва баста шудани ағбаи Соланг дар Афғонистон, ки тариқи он аз Покистон ба Тоҷикистон картошка ворид карда мешавад, сабаби аслии боло рафтани нарх шудааст. Инчунин, баъди як таркиши маргбор дар Покистон, ин кишвар марзҳои худро ба Афғонистон баст. Ҳоло интиқоли молу коло тавассути марзи Афғонистон  мушкилӣ пеш овардааст.

Парвиз Шарипов, директори  «Глобал» — як ширкати воридкунандаи молу маҳсулот аз хориҷи кишвар гуфт, ки ним моҳ боз ағбаи Соланг дар Афғонистон баста мебошад ва ҳаракати мошинҳое, ки   ба Тоҷикистон молу маҳсулот интиқол медиҳанд, қатъ гардид. “Дар ин ағба ҳам мисли роҳҳои кишвари худамон тармафароӣ шуда, роҳ баста гардид. Аз Покистон аз ин тариқ картошка зиёд ворид мешуд ва ман фикр мекунам, ки сабаби боло рафтани нархи картошка дар баста шудани роҳи Соланг ва мушкили ҳаракат дар роҳи Хуҷанду Душанбе ҳаст», — гуфт номбурда. Нуриддин Гурезов, сокини шаҳри Душанбе гуфт, ки  аз бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт  1 кг картошкаро бо нархи 4 сомонӣ харидорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки  «Агар аз 50 кило зиёдтар гирӣ, арзонтар, яъне то 3,6 сомонӣ харидан мумкин аст. Аммо 5 килову даҳ килло то 4 сомонӣ ҳаст». Болоравии нархи картошка ва дигар маҳсулоти ғизоӣ  шурӯъ аз ибтидои моҳи феврал бинобар сабаби мушкили ҳаракат дар роҳҳои кишвар оғоз  гардид. Асосан  картошкаро дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва минтақаҳои водии Рашт парвариш мекунанд.  Баъди  барфрезиҳои зиёд ҳаракат ва интиқоли молу маҳсулот аз ин ду минтақа  ба пойтахт мушкил шуда буд. Ин ҳам ба нархи маҳсулот таъсири худро расонд.  Аммо мутахассисон андеша доранд,  ки  Тоҷикистон  бо вуҷуди ин барои таъмини аҳолӣ  бо картошка худкифоя  нест. Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна беш аз 300 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ мешавад, вале талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот аз 500 ҳазор тонна бештар аст. Бинобар ин,  Покистон ягона кишварест, ки талаботи сокинони Тоҷикистонро аз хориҷи кишвар бо маҳсулоти картошка таъмин мекунад. Соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони 22 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳазор гектар зиёд мебошад. Аммо куҷост ин миқдор истеҳсоли картошка?  Мардум  картошкаро  баъди ғалладона ҳамчун «нони дуюм», ки серистеъмолтарин маҳсулоти полезӣ ба шумор меравад, медонанд. Бинобар ин, Президенти мамлакат пайваста дар ҳар мулоқоту вохӯриҳо ба масъулини соҳа супориш медиҳанд, ки кишти замини картошка ҳар чӣ бештар зиёд карда шавад. Хонанда ёд дорад, соли 2014 Қосими Роҳбар, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ӯ дар аввали соли равон таъкид карда буд, ки супориши Президенти кишвар оид ба  расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид: «Дар соли 2013-ум 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд».
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка ҳамагӣ  аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Баъди як моҳи ин изҳороти Қосими Роҳбар  килои картошка ба 5 сомонӣ расида буд.

Омори расмӣ чӣ мегӯяд?

Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта  дар майдони 355 452 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.  Ҳаҷми истеҳсоли картошка  898 000 тонна, яъне  аз талаботи истеъмолӣ зиёд аст. Аз ҷумла, аз ин корхонаҳои кишоварзӣ  3778 гектар,   хоҷагиҳои аҳолӣ 17677 гектар,  хоҷагиҳои деҳқонӣ 14088 гектарро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ 235 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад.  Меъёри истеъмол   ба як нафар 79,2 кг дар як сол рост меояд.  Ин дар ҳолест, ки  истеъмоли воқеии аҳолии   Тоҷикистон  солона 646 000 тонна аст ва айни замон  истеъмоли воқеӣ ба як нафар 40 кг дар як сол аст ва ба ҳисоби миёна истеъмол 326 400 тонна аст.

Агар ҳамин қадар картошка истеҳсол шуда бошад, куҷост он ва дар куҷо нигоҳ дошта мешавад? Коршиносон мегӯянд, ки  арзиши аслии маҳсулот ба 1-1, 50  сомонӣ баробар аст, аммо чаро мо бо нархи 4 сомонӣ картошка мехарем? Ку картошкаи истеҳсоли ватанӣ, ки вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда дода буд?

Ку навъҳои картошкаи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки миллионҳо долларро сарфа карда, гӯё Барномаи давлатиро дар 5 сол амалӣ намуданд? Агар бошад, натиҷааш дар куҷост?

Чаро ба чашми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардум   вазири кишоварзӣ  Сатторӣ ва президенти  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода хок мепошанд?

“Дар Тоҷикистон иконияти 898 ҳазор тонна истеҳсол намудани картошкаро амалан надорем”-мегӯянд коршиносон, зеро техника, аз қабили  трактор, капател, тухмишинонак ва ғайра  намерасад. Инчунин, тухмӣ  ва  нуриҳои маъданӣ ,  анбор барои маҳсулоти тайёр қариб  нест. Пас маълум мешавад, ки Вазорати кишоварзӣ фақат маълумотро дар рӯйи коғаз ба Ҳукумат пешниҳод мекунад. Магар бо ин роҳ метавон шиками мардумро сер кард?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *