Вафоти сеторнавози машҳур
Гулбек Саодатов, яке аз маъруфтарин мутрибҳои ансамбли «Дарё”, ки бо сози сетори бадахшиониаш шӯҳрат ёфта буд, рӯзи 29 март аз олам чашм пӯшид.
Зиндагиномаи ин навозандаи ҳунарманд чунин аст:: САОДАТОВ ГУЛБЕК (с.тав.10.06.1938, деҳаи Муни н.Шуғнони ВМКБ, с.ваф.29.03.2018, ш.Душанбе), мутриб, оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998). Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо (1966) хатм кардааст. Солҳои 1955-1961 дар ансамбли тарона ва рақси «Помир», 1961-1975 ба сифати навозанда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1975 мутриби дастаҳои ҳунарии «Шашмақом» ва «Дарё» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст. Баробари мутрибӣ дар ҳайати навозандагон оҳангҳои зиёд бар ашъори шоирони классику муосири тоҷик, аз мероси халқӣ офаридааст, ки овозхонони касбию ҳаваскор иҷро намудаанд. «Файзи саҳар», «Нозанин ёрам», «Гирён макун маро», «Ошиқам», «Гулдаста», «Рақси ёр», «Масти ноз», «Нози ёр», «Баҳорон», «Дилбарҷон», «Аз Бадахшон оӣ», «Ҳамдами хубон», «Зебо», «Нолаи сетор», «Хуршеди дил», «Дуои сабз», «Шабнам», «Гул», «Ту ҳам медонӣ», «Баҳория», «Оби ҷӯ меравад», «Гулбонги бомдод», «Гавҳари ишқ», «Мавҷи дарё», «Вафодорӣ», «Ҷониби ман боз биё», «Давлати висол», Мутриби хушнаво» аз зумраи беҳтарин оҳангҳояш ба шумор мераванд. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба бисёр давлатҳои хориҷӣ сафар намудааст.
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ