Вафоти зани зиндонӣ аз корҳои маҷбӯрӣ
Сайжар Гадоева, зани 62-солае рӯзи 23 феврал дар яке аз зиндонҳои Ӯзбекистон вафот кард. Як манбаъ гуфт, Гадоева бемор буд, аммо зиндонбонҳо ӯро иҷборан кор мефармуданд.
«Онҳо бовар намекарданд, ки зан бемор аст. Акнун зиндонбонҳо аз зиндониёни дигар талаб доранд, ки ҳангоми санҷиш дар ин бора ҳарфе назананд. Сардори маҳбас зиндониҳоро 2 соат рост нигаҳ медорад. Дар маҳбас фишор болои зиндониён бештар шуда, онҳоро тарс медиҳанд», — гуфт манбаъ.
Вале дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Ӯзбекистон гуфтанд, зани бемор бистарӣ буд ва дар бемористон вафот кардааст. Додситонии Ӯзбекистон хабар дод, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ