Вакили нави парлумон. Бибиосия Аюбӣ кист?

Ба ҷойи Дилрабо Мансурӣ, ки ахиран муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода вакили Маҷлиси намояндагон шуд.

Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор қабул кардааст.

Дар қарор омадааст, ки бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакил Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲХДТ мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дода шавад.

Ваколатҳои Бибиосия Аюбӣ тасдиқ гардида, ба ӯ шаҳодатномаи вакили парлумон дода шудааст. Гуфта мешавад, Бибиосия Аюбӣ қаблан ба ҳайси директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Пезиденти Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар гузашта дар вазифаҳои муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар риштаи сиёсатшиносӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *