Вакили парлумон: Чаро шиносномаи пластикӣ хеле гарон аст?

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки арзиши феълии шиносномаи пластикӣ аз нархи воқеъияш чандин баробар гарон буда ва дастрас кардани он низ вақти зиёдеро талаб мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки арзиши феълии шиносномаи пластикӣ аз нархи воқеъияш чандин баробар гарон буда ва дастрас кардани он низ вақти зиёдеро талаб мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони ин кишвар рӯзи 28 июн дар ҳошияи иҷлоси парлумон ба Tajikistan Times гуфт, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони фаннӣ барои омода кардани шиносномаи пластикӣ ҳудуди 5 сомонӣ масраф шуда, аммо сокинони кишвар маҷбур ҳастанд, барои дарёфти он ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон 96 сомонӣ пардохт кунанд.

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо як эълон аз шаҳрвандон хоҳиш карда буд, ки то 15 август шиносномаҳои намунаи соли 1996-умро бо шиносномаҳои пластикии намунаи соли 2014  иваз кунанд.

Дар эълон таъкид шуда буд, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мувофиқи он барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсони шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта доранд, бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15 августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Қарори Ҳукумат танҳо ба гирифтани симкорт дахл дорад. Яъне, агар шаҳрванд симкорти нав гирифтанӣ аст, аввал бояд шиносномаи нави пластикӣ гирад. Дар тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии дигар шаҳрванд метавонад шиносномаи соли бароришаш 1996-ро истифода барад.

Коршиносон ҳадаф аз иваз кардани шиносномаро ба дарёфти манбаъи ҷадиди пайдо кардани пул рабт додаанд. Зеро дар Тоҷикистон се миллион муштарии ширкатҳои мобилӣ мавҷуд буда, бо таваҷҷуҳ ба 10 доллар  будани қимати як шиносномаи пластикӣ 30 миллион доллар ба даст меояд.

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассоссиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ба истинод ба манбаъҳои муътамад дар Facebook  навишааст, ки пулро барои таҳияи шиносномаҳои пластикӣ ё ID давлати Финландия ҳамчун грант дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *