Вакили парлумон ва Салиби Сурх то Ворух нарасиданд
Мақомот дар Исфара гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, имдодгарони Салиби Сурх ба сокинони осебдидаи ҷамоати Ворух дору дастрас кунанд.
Мақомот дар Исфара гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, имдодгарони Салиби Сурх ба сокинони осебдидаи ҷамоати Ворух дору дастрас кунанд.
Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, дирӯз гуфтааст,ки «ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд».»Мошини Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух ҳамчун кумаки башардӯстона дору мебурд, то ҳанӯз дар марз дармондааст. Мунтазири иҷозаи низомиёни Қирғизистон ҳастанд», — афзудааст ӯ ӯ.
Мақомот мегӯянд, дар ҷамоати Ворух, ки беш аз 30 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳар лаҳза ба дору ва кумакҳои тиббӣ ниёз ҳаст, чун дар бемористони онҷо осебдидаҳои муноқишаи ҳафтаи гузашта ва маризони дигар бистарианд. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ба сабаби баста будани роҳ ду бемори вазнинро натавонистаанд ба шифохонаи марказии Исфара баранд.
Яке онҳо Нарзихон Холиқова рӯзи 16-уми март дар бемористони Ворух ҷарроҳӣ шудааст. Пизишкон вазъи саломати ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд. Ба нақли сокинон, марзбонҳо рӯзи гузашта иҷоза надодаанд, ки мошини «Ёрии таъҷилӣ» як зани ҳомиларо «бо ташхиси преэкламсияи вазнин» ба Исфара бибарад. Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта, аз наздик бо вазъ ошно шавад. Ӯро аз Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ пас гардондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ