Вакили парлумон зидди болоравии нархи сим-корт
Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, ин кор ба зиёни кисаи мардум аст. Ба қавли Олим Бобоев, вакили Маҷлиси Намояндагон ва вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, боло бурдани нархи симкортҳо «метавонад сатҳи истеъмолии мардумро коҳиш диҳад».
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боло бурдани арзиши симкортҳо сатҳи хароҷоти мардумро дар кишвар боз ҳам боло мебарад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, бе ин ҳам сатҳи хароҷоти мардум дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар 40-45 дарсад баланд аст.
«Болоравии нарх масъалаи хубе нест. Як андоза таваррумро боло мекунад ва ба буҷети оилаҳо ҳам таъсири манфӣ мерасонад», — афзуд ӯ.
Ин вакили порлумон аз он изҳори таассуф кард, ки дар кишвар индикатори бозор кор намекунад ва нархҳо ҳам монополӣ шудаанд. Олим Бобоев афзуд, “дар инҷо омили монополия аст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳоро тасдиқ мекунад ва бозор ҳамчун индикатори сатҳи хароҷоти молу маҳсулот баромад карда натавониста истодааст.”
Вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин, гуфт, боло рафтани нархи тамосу нақлиёт ҳамеша ба ҷайби мардум таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ӯ гуфт, ба ҷойи боло бурдани қимати симкорт беҳтар буд, хароҷоти истеҳсолиро кам карда, рақобатро зиёд намоянд. Инчунин, ба қавли мусоҳиби мо, технологияҳои навро ворид кунанд ва ба ин восита сифати хидматрасониро боло баранд.
«Рақобати озод вуҷуд надорад. Бинобар ин, нархро чи хеле хоҳанд, боло мекунанд. Агар диданд, ки даромадашон кам шуд, боз паст мекунанд», — хулоса кардааст Олим Бобоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ