Даргузашти вакили порлумони Тоҷикистон
Идигул Қосимзода аз моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси Намояндагон буд.
Идигул Қосимзода, вакили парлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 22-юми июл даргузашт. Ӯ 53 сол дошт. Гуфта мешавад, ки Қосимзода тайи ду ҳафтаи охир бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус дар бемористони маъруф ба «Советский 1” дар Душанбе бистарӣ буд.
Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) мебошад. Доктори илмҳои педагогист.
Солҳои 1990-1992- Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш буд.
Нахуст дар мактаби зодгоҳаш дарс мегуфт, Қосимзода соли 2003 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кор даромад ва дар ин муассиса то соли 2015 фаъолият дошт. Ӯ дар донишкадаи мазкур то ба зинаи муовини ректор расид.
Аз январи соли 2017 то соли 2020 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Идигул Қосимзода ҳамагӣ 53 сол дошт.
Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ба хонавода ва пайвандони Идигул Қосимзода, изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд хоҳони онанд, ки манзили охирати ин бонуро аз нури имон мунаввар гардонад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ