Вакилон «афв»-ро ҷонибдорӣ карданд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи афв”-ро якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Вакилон аснои суханронӣ дар мавриди лоиҳа онро яке аз иқдомҳои инсондӯстонаи раисиҷумҳур арзёби карданд.
Лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” 17 август аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шуда буд.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд,ки дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, инчунин пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод намешаванд, кам карда шавад: Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ