Вакилон Зуҳуровро бо насби нимпайкарааш дар Маскав шодбош гуфтанд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумонро барои пардабардорӣ аз нимпайкарааш дар шаҳри Маскави Русия табрик карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумонро барои пардабардорӣ аз нимпайкарааш дар шаҳри Маскави Русия табрик карданд.

Рӯзи 29 май, пас аз поёни иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вакилони парлумонро бо дастагули тару тозаи бузург  барои насби нимпайкарааш дар мавзеъи Гулгашти Номварони (Аллея Славы) шаҳри Маскав таҳният гуфтанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба баргузории чунин маросими шодбош мухолиф будааст.

Дар ин гулгашт дар иртибот ба 240 солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ аз 12 нимпайкараи дастпарварони ин донишгоҳ пардабардорӣ шуд, ки дар миёни онҳо нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ буд.

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров аз нахустин чеҳраҳои сиёсии фаъоли Тоҷикистон аст, ки дар замони зиндагиаш дар Маскав, пойтахти Русия муҷассамааш гузошта шудааст.

Василий Нилиповский, муовини ректори Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия дар суҳбат бо Спутник аз Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун яке аз беҳтарин донишҷӯёни тоҷикистонӣ ситоиш карда ва гуфтааст, ки Зуҳуров дар рушди кишвараш низ корҳои шоёнеро анҷом додааст.

Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *