Вакилони Конгресси ИМА Аҳмад Масъудро ситоиш кардаанд
Ду вакили Конгресси ИМА дар як тамоси телефонӣ муқовимати миллии Афғонистонро таҳти сарварии Аҳмад Масъуд алайҳи «Толибон»* ситоиш кардаанд.
Линдси Грем ва Майк Валтз, ду сенатори амрикоӣ ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон занг зада, кӯшишҳои ӯро дастгирӣ кардаанд.
«Суҳбат бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ифтихору имтиёзи бузурге буд. Ман аз шунидани уҳдадориҳои ӯ дар муқовимат ба бераҳмии «Толибон»*-и афғон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон қадрдонӣ мекунам»,-гуфта мешавад дар изҳороти якҷояи вакилон, ки дар «Твиттер» нашр шуд.
Онҳо иддао доранд, ки кобина ва нерӯҳои «Толибон»* шомили «Ал-Қоида»* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аст, ки эътироф нашудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба нафъи Амрикост.
«Мо аз ҳукумати Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна кӯшиши эътирофи «Толибон»*-и Афғонистон ҳамчун ҳукумати ин кишвар ва ба дархости намояндагии ин гурӯҳ дар Созмони Милали Муттаҳид муқовимат кунад», — гуфтаанд Валс ва Грэм дар як изҳорот.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ