Ваколати прокурорҳои Тоҷикистон зиёд гардид

Ваколати прокуророни Тоҷикистон барои эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, васеъ карда шуд.

Ба гуфтаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ, дар асоси тағйирот ба қонун “Дар бораи прокуратураи Тоҷикистон”, ки ахиран қабул шуд, прокурорҳои кишвар аз салоҳиятҳои нав бархӯрдор шуданд.

Аз ҷумла, ба муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Тоҷикистон салоҳияти эътироз овардан нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо, ба истиснои қарорҳои Пленум ва раёсатҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ дода шудааст.

Ҳамчунин, прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори судҳои вилояту шаҳру навоҳӣ метавонанд эътироз оранд. Дар бахш истисно танҳо қарорҳои раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мебошанд. Ташаббускори тағйироти мазкур аъзои Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Дилшод Раҳмон ва ду вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *