Ваколати Убайдуллоев қатъ карда шуд

Ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси собиқи Душанбе – дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт рӯзи 7 феврал ва пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.

Барои ҷойи холимондаи ӯ дар Маҷлис моҳи апрели имсол дар ҳавзаи рақами 25-и пойтахт интихобот сурат мегирад. Дар баробари Убайдуллоев, ваколати муовини пешинаш Фирӯз Улмасов низ қатъ шуда, барои ҷойи холимондаи ӯ дар ҳавзаи рақами 62 интихобот баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Душанбе гуфтанд, ки қатъи ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовинаш дар иҷлосияи ғайринавбатии нӯҳум сурат гирифт. Ин иҷлосия бори аввал бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе, баргузор гардид, аммо дафтари матбуоти ҳукумати пойтахт мегӯяд, онро вакили кӯҳансол Зариф Шарифов раҳбарӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, «дар оғоз вакилони халқ қарори барканории Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми шаҳрдори Душанбе тасдиқ карда, барои баргузории интихобот дар ҳавзаҳои №25 ва №62 дар ҳайати 9 нафар комиссияи шаҳрӣ таъсис доданд. Тавре зикр гардид, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои №25 ва №62 Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Фирӯз Улмасов бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат кардаанд.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *