Ваксина барои кӯдакон бар зидди инфексияи пневмококкӣ

Аз 1-уми ноябри соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакони думоҳа бо вояи якуми ваксина бар зидди инфексияи пневмококкӣ фаро гирифта шуданд. Ба ин мақсад ба кишвар 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи “Синфлорикс” ворид карда шудааст.

Дар ин бора масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии вижа дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд.

Инфексияи пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сироят ба он боиси афзоиши бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктаре чун отити гӯш, синусит ва бронхит мегардад. Бар асоси арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё беш аз ним миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, аксаран кӯдакони то 2-сола аз кишварҳои дар ҳоли рушд.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки вазорат бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол, инчунин мавҷудияти ваксинаҳои муосиру бехатар тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкии конюгатсияшударо (ВПК) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул мекунанд. Таъкид гардид, ки шуруъ аз 1-уми ноябр он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюм ва сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.

Мудири Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзалӣ Саидзода зикр намуд, ки то ба имрӯз 161 кишвари олам ин ваксинаро истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор хоҳад рафт. Ӯ иттилоъ дод, ки ба ҷумҳурӣ 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи 10-валентаи пневмококкии конюгатсияшуда (ВПК) «Синфлорикс» бар зидди сирояти пневмококкӣ ворид карда шудааст.

Мутахассисони соҳа итминони комил доранд, ки ҳама ваксинаҳо бехатар ва самаранок ҳастанд. Бо сари вақт гузаронидани эмкунӣ шаҳрвандони кишвар кӯдаконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд. Бо дасткашӣ аз эмгузаронӣ шаҳрвандон саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконашонро зери хатар мегузоранд.

Намояндагии ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал низ бо нашри як видео аз волидони тоҷик даъват кардааст, ки кӯдакони худро ҳатман ба зидди сирояти пневмококкӣ эм кунанд.

Таҳияи С. ЁР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *